МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
– Эй шоҳ! Худованд дархости туро пазируфт ва инак, ман омадам, то шоҳзодаро дармон кунам ва ўро аз дами пири ҷодугар раҳо созам:
Чун кафи Мўсо ба амри Кирдгор,
Нак барорам ман зи сеҳри ў димор,
Омадам, то баркушоям сеҳри ў,
То намонад шоҳзода зардрў.
Пас пандҳое ба шоҳ дод, ки ба кор баст ва ба зудӣ писари ў дармон шуд ва ҷодуи пиразан даст аз ҷони ў кашид:
Он гираҳҳои гаронро баркушод,
Пас зи меҳнат пури шаҳро роҳ дод.
Он писар бо хеш омад, шуд давон,
Сўйи тахти шоҳ бо сад имтиҳон.
Писар назди падар омад ва пешонӣ бар замин ниҳод.
Аз он чӣ гузашта буд, узр хост. Ҷодуи пиразан ҳам дигар натавонист дар баробари донои худопараст тоб биёварад. Сеҳри ў аз таъсир афтод ва ў аз ғусса мурд.
Шоҳзода дар тааҷҷуб монда буд,
К-аз ман ў ақлу назар чун даррабуд?
Шоҳзода се рўз беҳуш монда буд, то аз дармони табиби доно ва дуои мардуми некхоҳ беҳбуд ёфт. Он гоҳ шоҳ барои писараш ҷашни арўсии бузурге барпо кард ва ба ҳамаи аҳли шаҳр эҳсон намуд. Ба шукронаи раҳоии писар аз ҷоду дилҳои мустамандонро ба даст овард.
Мавлавӣ мегўяд:
–Шоҳзода фарзанди одамист, ки дар ҷаҳон ҷонишини Худост, монанди падараш ҳазрати Одам (а), ки фариштагон ба дастури Худои меҳрубон ўро саҷда мекарданд ва Худованд Одамро дар замин ҷонишини худ қарор дода, ки бо фармонбарию доноӣ, донишҷўйию парҳезкорӣ ва ҷустуҷўгарӣ рози хилқатро дарёбад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё