Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Парҳезкору қонеанд. Ҳар чӣ шаҳбону хост шоҳро аз хаёлаш баргардонад, муваффақ нашуд. Шоҳ аз хонадони парҳезкори некихоҳе духтаре, ки дар ҷамоли камолу хушрўйӣ ҳамто надошт, пайдо кард ва барои писари худ хостгорӣ намуд.
Аз қазо, дар ҳамон рўзҳо пиразани ҷодугаре шоҳзодаро дида ва ошиқи ў шуда буд. Ҷодуе карду дили писари шоҳро ба сўйи худ кашиду он қадар фану ҳунари ҷоду ба кор бурд, ки шоҳзода арўси меҳрубон, зебову хушрўйӣ худро фаромўш кард ва дил ба он пиразани гандадаҳон дод. Ҳарчанд кўшиданд чашму гўши ўро боз кунанд, натанҳо комёб нашуданд, балки ҳар рўз бештар писари шоҳ ақлу ҳуши худро аз даст медод, бештар шефтаи он ҷодугари пир мешуд.

Дигарон аз заъфи вай бо дарди сар, Ў зи сукри сеҳр аз худ бехабар.
Ин ҷаҳон бар шоҳ чун зиндон шуда В-он писар бар гиряшон хандон шуда.
Шоҳ бо дастгирии бечорагон барои дарди писар чораҷўйӣ мекард. Оқибат дарёфт, ки дар ин кор сирре аст. Ба даргоҳи Худованд рўй овард:

Саҷда мекард ў, ки фармонат равост,
Ғайри Ҳақ бар мулки Ҳақ фармон кирост?
Дуоҳои шоҳи покдилу хушниҳодро Худованд пазируфт ва ногоҳ марди худои доное, ки аз сеҳру ҷоду низ огоҳ буд, аз роҳи дур назди шоҳ омад.
Даст бар болои даст аст, эй фато,
Дар фану дар зўр то зоти Худо.
Мунтаҳои дастҳо дасти Худост,
Баҳр бешак мунтаҳои селҳост.
Марди доно гуфт:

пешина
аз 298
навбатӣ