Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ДОСТОНИ
ПОДШОҲ ВА ШОҲЗОДА

Подшоҳе дошт як барно писар,
Ботину зоҳир музайян аз ҳунар.

Подшоҳе писари ҷавону зебое дошт. Як шаб хоб дид, ки писараш ногаҳонӣ мурдааст. Шоҳ чунон ошуфта шуд, ки саросема аз хоб парид:

Хоб дид ў, к-он писар ногаҳ бимурд,
Софии олам бар он шаҳ гашт дурд.
Хушк шуд аз тоби оташ машки ў,
Ки намонд аз таффи оташ ашки ў.
Ончунон пур шуд зи дуду дард шоҳ,
Ки намеёбид дар вай роҳ оҳ.
Хост мурдан, қолибаш бекор шуд,
Умр монда буд, шаҳ бедор шуд.
Аз хоб, ки бедор шуд, ошуфтагии ў фурў нишаст, чун медонист агар касеро дар хоб мурда бибинанд, таъбираш ин аст, ки умри ў зиёд аст ва ба ин ҷиҳат нороҳатии ў ба шодӣ мубаддал шуд. Аммо ба зудӣ ба фикр фурў рафт, ки поёни ҳама кас марг аст ва беҳтар аст барои писари худ арўсе кунад, то насли ў боқӣ бимонад ва агар хоб рост баромад, касе бошад, ки номи ўро зинда нигаҳ дорад.
Шоҳ, ки марди хубе буд, бар он шуд, ки аз хонаводаи некўкору худопараст ва мардумдўст духтареро барои писараш баргузинад. Вале ҳамсари шоҳ гуфт:
–Ҳамсари писари ман бояд монанди худи ў шаҳзода бошад. Зани нодору фақир ба дарди ҳамсарии шоҳон намехўрад. Шоҳ гуфт:
–Хонаводаи ҳамсар бояд диндору дурусткор бошад.
Духтари чунин мардуме шоистаи писари мо хоҳад буд.
Мардуми некўкор агар нодоранд, на аз ин ҷиҳат аст, ки гадозодаанд, балки барои ин аст, ки тамаъ ба моли дигарон надоранд ва донишро бар дороӣ бартарӣ медиҳанд.

пешина
аз 298
навбатӣ