МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Мард аз шунидани ин ҳарф ба нолаву зорӣ афтоду аз ҳасрати аз даст додани он гавҳар ашк мерехт. Мурғ гуфт:
–Эй мард, магар нагуфтам бар гузашта ғам махўр.
Гиряю зорӣ чӣ суд дорад?
Чун гузашту рафт, ғам чун мех(в)арӣ,
Ё накардӣ фаҳми пандам ё карӣ!
Ба илова ман туро огаҳ кардам, ки ҳаргиз кори муҳолро бовар макунӣ. Охир, вазни худи ман се дирам нест. Чӣ гуна дар ишками ман як гавҳари даҳдирҳамӣ ҷо мегирад?
Шикорчӣ андешид, ки рост мегўяд ва ба худ омаду гуфт:
– Акнун, ки маро фиреб додӣ, панди сеюмро боз гўй.
Мурғ гуфт:
– Рост гуфтӣ. Панди сеюм ин аст, ки ҳеҷ гоҳ ба одами нодону аҳмақ панд мадеҳ, ки монанди ин аст, ки дар замини шўразор дона бикорӣ, ки ҳаргиз сабз нашавад:
Панд гуфтан бо ҷаҳули хобнок Тухм афкандан бувад дар шўрахок.
Чоки ҳумқу ҷаҳл напзирад рафў,
Тухми ҳикмат кам диҳаш, эй пандгў.
Мард аз шунидани ин се панд ибрат гирифт ва бар раҳо кардани он мурғи зирак ҳасрат бурд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё