Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ДОСТОНИ
МУРҒИ ГИРИФТОРУ ПАНДИ Ў БА
ШИКОРЧӢ

Мурғи доное дар доми шикорчӣ гирифтор шуд. Барои озодии худ тадбире карду ба шикорчӣ гуфт:
– Ту шикорчии бузурге ҳастӣ. Оҳую гавазну гов шикор карда хўрдаӣ. Аз мани ночиз даргузар, то се панд ба ту бидиҳам, ки ту хушбахт гардӣ:

Ҳил маро, то ки се пандат бардиҳам,
То бидонӣ зиракам ё аблаҳам?
Аввали он панд ҳам дар дасти ту,
Сонияш бар боми каҳгилбасти ту.
В-он савум пандат диҳам ман бар дарахт,
Ки аз ин се панд гардӣ некбахт.

Панди нахустро ҳамин ҳоло, ки дар дасти ту гирифторам, медиҳам, дуюмиро бар сари девор ва сеюмиро ҳангоме ки ба дарахт нишастам.
Шикорчӣ пазируфт ва мурғ гуфт:
–Панди аввал ин аст, ки ҳаргиз ҳеҷ кори ношуданӣ ва ғайри имконро аз касе бовар макун:

Он чӣ бар даст аст, ин аст он сухун,
Ки муҳолеро зи кас бовар макун.

Шикорчӣ ўро раҳо карду мурғ парид ва бар сари девор нишаст. Гуфт:
–Ҳаргиз бар гузашта ғам махўр!
Чун бар сари дарахт нишаст, гуфт:
– Дилам ба ҳоли ту месўзад. Ман дар шиками худ гавҳаре дорам, ба вазни даҳ дирҳам санг. Агар маро мекуштӣ, моли ту буд:

Давлати ту – бахти фарзандони ту,
Буд он гавҳар, ба ҳаққи ҷони ту.

пешина
аз 298
навбатӣ