МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
ДОСТОНИ
ПОДШОҲ ВА НАДИМУ ВАЗИР
Подшоҳе бар надиме хашм кард,
Хост, то аз вай барорад дуду гард.
Кард шаҳ шамшер берун аз ғилоф,
То занад бар вай ҷазои он хилоф.
Подшоҳе мушовире дошт, ки барои хилофе, ки карда буд, сахт бар ў хашм гирифт ва дар ҳузури дигарон шамшер кашид, то ўро бикушад. Ин шоҳ вазире дошт, ки бисёр назди ў гиромӣ буд ва шоҳ барои ў ҳамон арзишеро дар назар дошт, ки Худованд барои паёмбараш.
Бинобар ин, ба ҳарфи ў бисёр эҳтиром мегузошт ва ҳине ки шоҳ мехост бо шамшер сари надими худро бибурад, вазир пеши пойи подшоҳ худро ба замин афканд:
Бас ҷаҳиду зуд дар саҷда фитод,
Дарзамон шаҳ теғи қаҳр аз каф ниҳод.
Шоҳ шамшери худро ба ғилоф андохту гуфт:
Чунки омад пойи ту андар миён,
Розиам, гар кард муҷрим сад зиён.
Шоҳ боз гуфт:
–Ба хотири қадру манзалате, ки пеши ман дорӣ ва дурустию амонате, ки дар хидмат ба ман нишон додӣ, наметавонам бо ҳамаи хашму ғазабе, ки нисбат ба надим пайдо кардаам, ўро ҷазо диҳам. Аз ин ҷиҳат ўро ба ту бахшидам ва аз сари гуноҳи ў даргузаштам, вагарна:
Гар замину осмон бар ҳам задӣ,
З-интиқом ин мард берун н-омадӣ.
В-ар шудӣ зарра ба зарра лобагар,
Ў набурдӣ ин замон аз теғ сар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё