Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Худои азза ва ҷалла ҳама ҷо ҳаст. Эй кош
маърифати дидори ўро дошта бошем

ДОСТОНИ
СЕ МОҲӢ ВА ШИКОРЧИЁН

Мардумон бар се гунаанд: ё оқиланд, ё нимоқил, ё ҷоҳил. Он ки доност бо равшании дониши худ мебинад ва нимоқил ба ҳидояти оқиле худро пайрави ў медонад ва ҷоҳил ҷуз худ касеро намебинаду намешиносад.
Оқил ҳамеша пешвою роҳбар аст:

Пайрави нури худ аст он пешрав,
Тобеи хеш аст он бехешрав.

Нимоқил чун ба нодонии худ огаҳ аст, пайваста доноеро пайравӣ мекунад.
Дигаре, ки нимоқил омад ў,
Оқилеро дидаи худ донад ў.
Аммо нодон ҷуз худ касеро намебинад:
В-он харе, к-аз ақл ҷавсанге надошт,
Худ набудаш ақлу оқилро гузошт.
Дар обгири дур аз ободӣ се моҳӣ зиндагонӣ мекарданд, рўзгорро ба хушӣ мегузарониданд. Рўзе шикорчиён аз он ҷо гузаштанд ва назарашон ба моҳиҳо афтод. Тамаъ карданд, ки онҳоро шикор кунанд. Аммо чун афзори моҳигирӣ надоштанд, бозгаштанд, то доме биёваранду моҳиҳоро бигиранд. Моҳиён аз нияти шикорчиён огаҳ шуданд ва донистанд, ки барои шикори онҳо хоҳанд омад. Яке аз моҳиён бисёр донову дурандеш буд. Ҳамин ки аз нияти шикорчиён огоҳ шуд, аз обгир худро ба ҷўйи об андохту роҳи баҳр пеш гирифт.

пешина
аз 298
навбатӣ