МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Муридон ба гуфтаи худи ў ба ҷонаш афтоданд ва кордҳои тези худро бар вай мезаданд. Аммо аҷиб он буд, ки ҳар кӣ ба ҳар ҷойи тани шайх корд мезад, он корд ба худи ў бармегашт ва узви бадани худашро мешикофт. Тезию буррандагии корд дар Боязид асар надошт. Аммо ў ҳамчунон сархушу аз худ бехуд буд.
Ҳар кӣ гулўи ўро бурида буд, гулўи худаш бурида шуд ва ҳар кӣ ба синаи ў захм мезад, синаи худро медарид.
Дар он миён муриде буд, ки бисёр шефтаи Боязид буд.
Ў дилаш намешуд, ки бар тани пири худ корд занад.
Вале ҷиҳати фармонбардорӣ аз ў неши кордро ба тани ў ошно кард ва худ захми сабук бардошт. Онҳо, ки захмҳои корӣ зада буданд, худашон аз по афтода ҷон супурданд. Чун рўз шуд, хонаводаи муридоне, ки кушта шуда буданд, гирд омаданд ва нолаву зорӣ мекарданд:
Рўз гашту он муридон коста,
Навҳаҳо аз хонашон бархоста.
Пеши ў омад ҳазорон марду зан,
К-эй ду олам дарҷ дар як пераҳан.
Ин тани ту гар тани мардум будӣ,
Чун тани мардум зи ханҷар гум шудӣ.
Бохуде бо бехуде дучор зад,
Бо худ андар дидаи худ хор зад.
Эй зада бар бехудон ту зулфиқор!
Бар тани худ мезанӣ он, ҳуш дор.
З-он ки бехуд фонӣ асту омин аст,
То абад дар оминӣ ў сокин аст.
Он чи шабҳои пеш гузашта буд, дар ҳолати бехудӣ ва ҷудо шудан аз худ, дар фаноӣ дар Худованд шудани Боязид рўй дода буд. Чун ў ба ҳоли одии инсонӣ бармегашт, ҳамаи онҳоро фаромўш мекард ва табъан дар ҳоли фаноӣ, на даъвои худоӣ мекарду на бо Худованд яке мешуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё