МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
ДОСТОНИ
ПАЁМБАР ВА МАРДИ ФУЗУЛ
Ҳазрати Муҳаммад (с) лашкареро ба ҷанг мефиристод ва ҷавонеро аз қабилаи Ҳузайл сардору фармондеҳи он лашкар кард.
Асли лашкар бегумон сарвар бувад,
Қавми бесарвар тани бесар бувад.
Ин ҳама, ки мурдаву пажмурдаӣ,
З-он бувад, ки тарки сарвар кардаӣ.
Аз касал в-аз бухл в-аз мову манӣ Мекашӣ сар, хешро сар меканӣ.
Фармондеҳӣ муҳимтарин ҷойгоҳу мартаба дар ҳар артиш аст. Лашкаре, ки фармондеҳ надорад, роҳ ба ҷое надорад. Касе ҳам, ки дар зиндагӣ ба шоистае сар насупурдааст, гумроҳу саргардон мешавад.
Чаҳорпое борашро дар биёбон ба замин андохту сар ба кўҳ ниҳод. Соҳибаш дунболи ў медавид ва мегуфт:
–Эй нодон, ин биёбон пур аз гург аст. Аз ман дур шавӣ, туъмаи онон хоҳӣ шуд. Агар бори маро мебарӣ, дар иваз ҷони туро аз балои гург нигоҳ медорам.
Ҳамчу устуре, ки бигрезад зи бор,
Ў сари худ гирад андар кўҳсор.
Соҳибаш дар пай давон, к-эй хирасар,
Ҳар тараф гургест андар қасди хар.
Гар зи чашмам ин замон ғоиб шавӣ,
Пешат ояд ҳар тараф гурги қавӣ,
Устухонатро бихояд чун шакар,
Ки набинӣ зиндагониро дигар.
Он магир, охир бимонӣ аз алаф,
Оташ аз беҳезумӣ гардад талаф.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё