МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Аз асрори хонаи дил табибони дил бохабаранд ва бидуни гуфтугў бо нигоҳ рози ниҳонро дармеёбанд.
Ҳоло ки достон ба ин ҷо расид ва аз табиби дилу орифи худошинос ва ворастаи роздон сухан рафт, пешбинии Боязиди Бастомӣ, ки муждаи таваллуди Шайх Абулҳасани Хорақониро дода буд, боз гўем:
Рўзе он султони тақво мегузашт
Бо муридон ҷониби саҳрову дашт.
Бўйи хуш омад мар ўро ногаҳон,
Дар саводи Рай, зи сўйи Хорақон.
Боязид рўзе аз саҳрои Рай ба сўйи Хорақон мерафт.
Ногаҳон муридон диданд, ки ҳоли ў дигаргун шуд ва дар чеҳрааш асари шодӣ ҳувайдо гардид. Муридон пурсиданд, ки чӣ ҳол ба шумо рух додааст?
Гуфт: «З-ин сў бўйи ёре мерасад,
К-андар ин деҳ шаҳриёре мерасад.
Баъди чандин сол мезояд шаҳе,
Мезанад бар осмонҳо хиргаҳе.
Рўяш аз гулзори Ҳақ гулгун бувад,
Аз ман ў андар мақом афзун бувад».
Он гоҳ гуфт:
–Номи ў Абулҳасан аст ва аз авлиёи Худост. Дар бораи шаклу шамоил, ранги чеҳраву қадду боло нишонаҳое дод.
Муридон гуфтаҳои Боязиду таърихеро, ки ин пешгўйӣ ба ў даст дода буд, ёддошт карданд. Солҳо пас аз он ҳамон тавр ки гуфта буд, дуруст дар рўзи муайян Абулҳасани Хорақонӣ ба дунё омад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё