Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Тан бараҳна, сар бараҳна, сўхта,
Шукрро дуздида ё омўхта.
К-ў нишони шукру ҳамди мири ту,
Бар сару бар пойи бетавфири ту?
Гар забонат мадҳи он шаҳ метанад,
Ҳафт андомат шикоят мекунад.
Дар сахои он шаҳу султони ҷуд Мар туро кафшеву шалворе набуд?
Марди сафаркарда гуфт:
–Ман он чӣ аз халифа гирифтам, ба бенавоёну ниёзмандон бахшидам. Онҳо гуфтанд:
–Бахшиш кори хубест, агар ту бо хушнудиву ризо мол бахшидаӣ, муборак бошад. Вале рангу рухсори ту ошкор мекунад, ки ту на чизе гирифтаӣ ва на чизе додаӣ. Чеҳраи одами бахшанда равшану нуронӣ аст. Рўйи ту зарду чашми тира, ҳоли нохушу ботинат безор аст.
Худ гирифтам, мол гум шуд, майл ку?
Сайл агар бигзашт, ҷойи сайл ку?
Сад нишон бошад дарун исорро,
Сад аломат ҳаст некўкорро.
Ёрон гуфтанд:
–Аз ҳолу аҳволи ҳар кас сирри замири ў хабар медиҳад. Ту чаро беҷиҳат дидори халифа ва меҳрубонию бахшиши ўро ба худ мебандӣ, ба худ туҳмат мезанӣ? Ҳеҷ нишоне аз ин ки достони ту рост бошад, пайдо нест.
Ту малоф аз мушк, к-он бўйи пиёз Аз дами ту мекунад макшуф роз.
«Гулшакар хўрдам» ҳамегўйиву бўй,
Мезанад аз сир, ки ёва магўй!
Дуруст аст, ки даруни хонаро деворҳо аз чашми ҳамсоя дур медоранд, аммо ҳамсояҳо аз шикофи равзани девор бар он чӣ аз он сўйи онҳо мегузарад, огоҳ мешаванд.

пешина
аз 298
навбатӣ