МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
–Ман марҳамати хешро дареғ намедорам, аммо ин ғулом марди аблаҳе ҳаст ва ҳар коре дар ҳаққи ў бикунӣ, розӣ намешавад. Паёмбари акрам (с) дар ин маврид барҳақ фармудааст: «Ҳар кӣ аҳмақ бошад, душмани мо ва ғули раҳзан аст».
Одамӣ дорои ду ақл аст: яке он ки таҳсил мекунад ва дигар он ки худодод аст.
Ақли дигар бахшиши Яздон бувад,
Чашмаи он дар миёни ҷон бувад.
Чун зи сина оби дониш ҷўш кард,
На шавад ганда, на дерина, на зард.
Ақли таҳсилӣ мисоли ҷўйҳо,
К-он равад дар хонае аз кўйҳо.
Роҳи обаш баст шуд, шуд бенаво,
Аз даруни хештан ҷў чашмаро!
ДОСТОНИ
СИТОИШГАРУ ХАЛИФАИ БАҒДОД
Марде ба Ироқ сафар кард. Чун баргашт, ёрони ў пурсиданд, ки сафар чӣ гуна анҷом ёфт? Хуш гузашт ё на? Марди мусофир посух дод, ки сафар бисёр хуб буд, ҷуз дурии дўстону азизон камбуде надоштам. Халифаи Бағдод ба ман даҳ ҷома дод, ки яке аз дигаре беҳтар. Он гоҳ дар ситоиши халифа он қадар доди сухан дод, ки чӣ қадар меҳрубону бахшанда буд. Дўстон гуфтанд:
–Зоҳири ту нишон медиҳад, ки ин суханон дуруст нестанд. Саропойи ту жанда аст ва ҳоли ту ҳам зор.
Агар халифа ба ту чизе дода буд, бояд зоҳири дурусте медоштӣ.
Пас бигуфтандаш, ки аҳволи нажанд Бар дурўғи ту гувоҳӣ медиҳанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё