МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Пас фақеҳаш бонг барзад, к-эй писар!
Боз кун дасторро, он гаҳ бибар.
Инчунин ки чорпарра мепарӣ,
Боз кун он ҳадяро, ки мебарӣ.
Боз кун онро, ба дасти худ бимол,
Онгаҳон хоҳӣ бибар, кардам ҳалол.
Чунки бозаш кард он ки мегурехт,
Сад ҳазорон жанда андар раҳ бирехт.
Фақеҳ фарёд зад:
–Эй мард, дуруст нигоҳ кун, ки чӣ медуздӣ. Тавре ки хаёл мекунӣ, он салла аз матои гаронбаҳо нест.
Ҳамаи он жандапора ва куҳна аст. Онро боз кун ва агар арзиш дорад, бибар, ҳалоли ту бошад.
Дузд медавид ва латтапораҳо ба замин мерехтанд.
Охири кор аз он саллаи калону бошукўҳ ҷуз як газ матои камбаҳо чизе дар дасташ намонд.
Бар замин зад хирқаро, к-эй беиёр,
З-ин дағал моро баровардӣ зи кор.
Фақеҳ гуфт:
–Ман туро аз беарзишии моли дуздӣ огоҳ кардам, ту напазируфтӣ. Ҳоли ту ба кори дунё монад, агарчи зоҳири фиребанда дорад, аммо аз бевафоии худ фарёд мезанад. Бадбахтона, гўши суханшунав, дидаи эътибор нест.
Гуфт: «Бинмудам дағал, лекин туро Аз насиҳат бозгуфтам моҷаро».
Он ғулом номаеро, ки навишта буд, дубора нахонд, аммо пеши ошпази шоҳ рафту шикояти худро бозгуфт.
Ошпаз, ки маҳрами шоҳ буд гуфт:
–Шоҳ на тангдаст асту на бахил. Ў ба ҳар кас ба қадри ихлосу некандешию хидмати ў мебахшад. Агар аз музди ту кам карда ё бемеҳр шудааст, бояд аз худат иллашро бипурсӣ, на ин ки онро ба шоҳ нисбат бидиҳӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё