Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ў намедонист, ки нома ба шоҳ бояд чӣ гуна бошад, мебоист онро чанд бор мехонд ва тавре менавишт, ки ба хонанда таъсири хуб расонида тавонад. Яке ба ў бояд мегуфт:

Гўшае рав, номаро бикшо, бихон,
Бин, ки ҳарфаш ҳаст дархурди шаҳон?
Гар набошад дархур, онро пора кун,
Номаи дигар навису чора кун!
Одамӣ ҳар кор мекунад, бояд нахуст биандешад, ки чӣ мехоҳад ва чӣ бояд кунад. Агар ҷуволеро ба дўш мекашӣ, хуб аст бидонӣ, ки даруни он чӣ аст. Агар сангу кулўх аст, ба кашидан намеарзад. Нома ҳам бояд дорои нукоте бошад, ки бо ҳаққу воқеъ ҳамроҳ бошад, вагарна, агар бар пояи хашму худхоҳию зиёдаталабӣ бошад, кори ту пеш намеравад ва баҳрае нахоҳад бурд.
Фақеҳе саллаи бузурге бар сар дошт, ки дар миёни он куҳнаву жанда буд ва танҳо рўкаши нав дошт. Барои ин мехост ҳар ҷо равад, мардум аз дидани саллаи ба эҳтирому ситоиши ў бипардозанд.

Зоҳири дастор чун ҳуллай биҳишт,
Чун мунофиқ андарун расвою зишт.

Бомдоде торику равшан салларо ба сар гузошту ба сўйи мадраса равон шуд. Дар роҳ дузде дар гўшаи торик камин карда буд.Чун чашмаш ба саллаи калони фақеҳ афтод, онро аз сари ў даррабуд ва рў ба гурез овард:

Дар раҳи торик марде ҷомакан
Мунтазир истода буд аз баҳри фан.
Даррабуд ў аз сараш дасторро,
Пас давон шуд, то бисозад корро.

пешина
аз 298
навбатӣ