МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Мардум гирд омаданд ва ҳар кас дармоне мекард: яке гулоб овард ва бар ў пошид, дигаре об бар рўйи ў мерехт, яке пироҳанашро боз мекард ва дигаре набзашро мегирифт.
Аммо ҳеҷ кас дармони ўро намедонист. Хабар ба бародари чармгар расид. Донист, ки чармгар аз бўйи хуш ба ин рўз афтодааст. Миқдоре саргин дар кисаи худ пинҳон кард ва рўй ба бозори атторон овард. Пеши худ мегуфт:
–Ман сабаби беҳушии ўро медонам, ў ба бўйҳои нохушу гандазо одат кардааст.
Чун бидонистӣ сабабро, саҳл шуд,
Дониши асбоб дафъи ҷаҳл шуд.
Пас чунин гуфтаст Ҷолинуси меҳ,
Он чӣ одат дошт бемор, он-ш деҳ.
Гар хилофи одат аст он ранҷи ў,
Пас давои ранҷаш аз муътод ҷў.
Бародар худро ба бозор расонид ва бар сари болини чармгар омад. Барои ин ки касе саргинро набинаду аз равиши дармони ў огоҳ нашавад, мардумро аз давру бари ў дур карду сар ба гўшаш карда бо даст саргинро бар бинии ў молид.
Сар ба гўшаш бурд ҳамчун розгў,
Пас ниҳод он чизро бар бинӣ ў.
К-ў ба каф саргини саг соида буд,
Доруи мағзи палид он дида буд.
Соате шуд, мард ҷунбидан гирифт,
Халқ гуфтанд, ин фусуне буд шигифт,
К-ин бихонд афсун, ба гўши ў дамид,
Мурда буд, афсун ба фарёдаш расид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё