МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Чармгар, ки бўйи бади саргин ба биниаш расид, ба ҳуш омад. Бўйи бад дар димоғаш печиду ба ҷунбиш афтод. Мардум дар шигифт шуданд, ки бародараш чӣ афсуне дар гўши ў хонд, ки ў мурда буд, дубора зинда шуд. Онҳо намедонистанд, ки кори он мард чисту одати ў чист.
Намедонистанд, ки мушку бўйи хуш дармони ранҷи касе, ки ҳама умраш ба бўйҳои нохуш одат кардааст, нест.
ДОСТОНИ
СУЛАЙМОН ВА МАЛИКА БИЛҚИС
Билқис маликаи шаҳри Сабо буд. Сабо кишваре буд сарватманду обод. Рўзе ба фикр афтод, ки молдории худро ба Сулаймон (а) нишон бидиҳад. Чиҳил хачир хишти зару ҳадяҳои дигар бо ҳамроҳии гурўҳе аз дарбориёни худ ба Сулаймон (а) фиристод. Фиристодагони ў ба наздики пойтахти Сулаймон (а) расиданд.
Ногаҳон роҳро пўшида аз тилло диданд. То чиҳил манзил ҳамчунон фарши роҳ аз зар буд. Кам-кам фиристодаҳо пеши худ эҳсоси шарм карданд ва ҳадяи шоҳбонуи Саборо дар баробари сарвати кишвари Сулаймон (а) бисёр ночиз диданд.
Арсае, к-иш хок зарри даҳдаҳист,
Зар ба ҳадя бурдан он ҷо аблаҳист.
Чун касоди ҳадя он ҷо шуд падид,
Шармсоришон ҳаме вопас кашид.
Боз гуфтанд: «Ар касоду ар раво,
Чист бар мо? Бандафармонем мо.
Гар зару гар хок моро бурданист,
Амри фармондеҳ баҷооварданист».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё