МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Дурии ишқ аз маъшуқ озмоиш аст. Агар аз бало чашм нагардонӣ, оқибат хушӣ хоҳӣ ёфт.
Ин тамсилро бишнав ва аз бало маҳарос. Нахўдро бонуи хона дар деги хўрок мерезад, ҷўшиш ўро болою поин мекунад. Нахўд ба кадбону мегўяд:
–Ту, ки маро харидаӣ, моли ту ҳастам. Дигар чаро меҷўшониям?
Кадбону мегўяд:
З-он наҷўшонам, ки макрўҳи манӣ,
Балки то гирӣ ту завқи чошнӣ.
То туро наҷўшонам, маза пайдо намекунӣ ва хўрданбоб намешавӣ!
Нахўд гуфт:
–Агар чунин аст, чӣ қадар мехоҳӣ, биҷўшон.
Кафгир ба сарам бизан, то пухта шавам ва шоистаи дастархони ту гардам.
Ҳамчун пилам, бар сарам зан захму доғ,
То набинам хоби Ҳиндустону боғ.
Барои ҳамин аст, ки муъмин дар бало сабркунанда асту хурсанд, чун медонад, ки ҳар балое раҳнамои хайре аст ва ҳар дарду талоше поёни хушӣ хоҳад дошт.
ДОСТОНИ ЧАРМГАР
ДАР БОЗОРИ АТРФУРЎШОН
Он яке афтод беҳушу хамид,
Чунки дар бозори атторон расид.
Ҳамчу мурдор уфтод ў бехабар
Нимрўз, андар миёни раҳгузар.
Марди чармгаре аз бозори атрфурўшон мегузашт.
Чун ба бўйи атру гул одат надошт, аз бўйи хуш бетоб шуду аз ҳуш рафт ва ба замин афтод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё