Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ва ҳамон шаб дар масҷид бимонд. Нимаҳои шаб садои ҳавлноке шунид, ки мегуфт:
–Ҳам акнун барои гирифтани ҷонат меоям ва ин садо панҷ бор такрор шуд. Мард аз шунидани овоз натарсид ва андешид, ки ман худамро ба Худо супоридаам, барои марг ҳам омодаам. Ҳеҷ чиз наметавонад маро битарсонад.

Барҷаҳиду бонг барзад, к-эй киё,
Ҳозирам, инак, агар мардӣ, биё!

Ҳамин ки фарёди ў баланд шуд, ногаҳон тилисм шикаст ва девори масҷид ҳам шикасту он қадар зар аз шикоф берун рехт, ки роҳ банд омад.
Ин масал барои он аст, ки набояд аз марг тарсид ва мардона ба пешвози он рафт. Ғуломи Садриҷаҳон ҳам бо ишқе, ки ба дидори шоҳ дошт, тарсу бимро фаромўш кард ва дил ба дарё зад. Садриҷаҳон ҳам гоҳ-гоҳ аз вафодории ғулом ёд мекард, аз гурезаш ғамгин буд.

Мавҷ мезад дар дилаш афви гунаҳ,
Ки зи ҳар дил то дил омад равзана(ҳ).
Ки зи дил то дил яқин равзан бувад,
На ҷудову дур чун ду тан бувад.
Муттасил набвад сафоли ду чароғ,
Нурашон мамзуҷ бошад дар масоғ.
Ҳеч ошиқ худ набошад васлҷў,
Ки на маъшуқаш бувад ҷўёи ў,
Лек ишқи ошиқон тан зеҳ кунад,
Ишқи маъшуқон хушу фарбеҳ кунад.
Чун дар ин дил барқи меҳри дўст ҷаст,
Андар он дил, дўстӣ медон, ки ҳаст.
Ҳикмати Ҳақ дар қазову дар қадар
Кард моро ошиқони ҳамдигар.

пешина
аз 298
навбатӣ