Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ў зи ту оҳан ҳамехояд зи хашм,
Ў ҳамеҷўяд туро бо бист чашм.
Мекунад ў тез аз баҳри ту корд,
Ў саги қаҳт асту ту анбони орд.
Чун раҳидиву Худоят роҳ дод,
Сўйи зиндон меравӣ? Чунат фитод?

Мард гуфт:
–Эй дўст, пандам мадеҳ! Ҷонам дар гарави муҳаббати Садриҷаҳон аст ва аз дурии ў дар ранҷам. Беш аз ин ҳам тоби дурӣ аз ёру диёр надорам. Бо ин хаёл роҳӣ ба Бухоро шуд.

Ту макун таҳдид аз куштан, ки ман
Ташнаи зорам ба хуни хештан.
Ошиқонро ҳар замоне мурданест,
Мурдани ушшоқ худ як навъ нест.
Ў дусад ҷон дорад аз ҷони ҳудо
В-он дусадро мекунад ҳар дам фидо.

Ошноён ўро диданд ва дар шигифт шуданд.
Гуфтанд:
–Худро пинҳон кун. Сипоҳиён дар ҷустуҷўйи ту ҳастанд. Мард гуфт:
–Ман ташнае ҳастам. Ташнаи обро наметавон аз нўшидан боздошт. Ман омадаам, ки худро ба шоҳ таслим кунам, ҳар чӣ кунад, мепазирам.
Ин бигуфту ба сўйи шоҳ ба роҳ афтод. Ҳар кас ўро медид, бар ҷонаш метарсид, намедонист, ки ў парвона аст ва аз сўхтан намеҳаросад.
Ҳикоят мекунанд, ки дар канори шаҳри Рай1 масҷиде буд, ки мардум онро меҳмонкуш меномиданд,

  1. Рай – шаҳри қадиме дар надикии Теҳрони Эрон чунки ҳар кас шабе дар он мехобид, бомдод зинда аз хоб барнамехест.
пешина
аз 298
навбатӣ