МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
ДОСТОНИ
ҒУЛОМУ ПЕШКОРИ САДРИҶАҲОН
Пешкори Садриҷаҳон–подшоҳи Бухороро, ки ғуломи бовафое буд, бегуноҳ туҳмат карданд ва аз тарсу хашми шоҳ пинҳонӣ аз Бухоро гурехт. Овораи шаҳрҳои Хуросон шуд. Даҳ сол ҳамчунон саргардон буд. Оқибат аз оворагию дурии ватану шоҳ ба хаёли бозгашт афтод.
Аз фироқ ин хокҳо шўра бувад,
Об зарду гандаю тира шавад.
Пеши худ фикр кард:
– Ба Бухоро бармегардам ва худро таслими шоҳ мекунам. Ҳар чӣ мехоҳад, бикунад, беҳтар аз оворагӣ ва дарбадарӣ аст.
Гўям: «Афгандам ба пешат ҷони хеш,
Зинда кун ё сар бибур моро чу меш.
Куштаву мурда ба пешат, эй қамар!
Беҳ, ки шоҳи зиндагон ҷони дигар.
Озмудам ман ҳазорон бор беш,
Бе ту ширин менабинам ишқи хеш».
Яке аз ошноён гуфт:
–Ба Бухоро бознагард, ҷонат дар хатар аст. Садриҷаҳон бар ту хашм гирифтааст ва дигарон ба ту туҳмат задаанд. Фирори ту шоҳро бештар хашмгин кардааст ва туро мекушад.
Дарнигар пасро ба ақлу пешро,
Ҳамчу парвона масўзон хешро.
Чун Бухоро меравӣ, девонаӣ,
Лоиқи занҷиру зиндонхонаӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё