МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Ҳамаи ин аз он шаҳодат медиҳад, ки шахсият ва осори ин мутафаккири бузурги тоҷик торафт дар кишвари он тарафи уқёнус нуфуз пайдо намуда, мақом ва манзалати волоеро касб мекунад.
Дар гузориши интернетии мазкур омадааст, ки теъдоде аз коршиносон ва пажўҳишгарон бар он боваранд, ки Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ пас аз ҳамлаи террористии 11 сентябри соли 2001-ум нақши муҳиммеро байни ҷомеаи Амрико ва ҷаҳони ислом мебозад.
Миллионҳо мардуми ғайримусалмон баъди ошноӣ пайдо кардан бо осор ва афкори ин мутафаккири бузурги исломӣ бовар ҳосил мекунанд, ки пайравони ин дини мубин, дорои тамаддуни олӣ ва афкори башардўстӣ ҳеҷ гоҳ даст ба чунин ҷинояти мудҳиш – амалиёти террористӣ намезананд. Бинобар ин, асли ҳодисаро ҷустуҷў намуда, дармеёбанд, ки ин ҳама дасиса ва тавтиаҳо кори душманону бадхоҳон аст. Мавлоно Румӣ дар ашъори худ ғояҳои дўстиву бародарӣ, ваҳдату баробарии ҳамаи қавму миллатҳоро новобаста ба нажод ва забону фарҳанги мухталиф тарғиб намуда, мефармояд: «Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст». Ё ин ки:
Ҳарфи бадро бар забон бурдан хатост,
Кофиру муъмин ҳама халқи Худост.
Дар ҷодаи тарҷума ва густариши осори гаронбаҳои Мавлоно Румӣ шоири олмонинажоди амрикоӣ Ҳанс Моинк саҳми бузург гузоштааст. Ў зимни мусоҳиба ба хабарнигорон изҳор намудааст, ки тарҷумаи осори Мавлоно Ҷалолиддин ба таври тасодуфӣ сурат гирифтааст. Бори нахуст осори Румиро нависандаи амрикоӣ Роберт Болай соли 1972 ба забони англисӣ ва ба тариқи наср тарҷума намуда, ба чоп расонида буд, вале он чандон маъруфият пайдо накард, зеро сабки тарҷума душвору мураккаб анҷом гирифта буд. Рўзе тасодуфан ин мутарҷим ба Ҳанс Моинк вохўрда, як нусхаи китоби тарҷумакардаи хешро ба вай тақдим мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё