Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ин шоири номвари амрикоӣ баъди хондани китоб ба ваҷд омада мегўяд: «Ин ашъор бояд аз қафасҳояшон озод шаванд» ва ў бо камоли шавқу завқ ба баргардони ашъори баландмазмуни ин шоири бузурги ирфонӣ ба тариқи назм пардохт ва ниҳоят китоби Румиро ба чоп расонид ва дере нагузашта дар байни мардуми андешапарвари Амрико шуҳрати беандоза пайдо кард.
Шоири дигаре, ки дар тарҷума ва тарғиби ашъори безаволи Мавлоно Румӣ нақши бузург бозидааст, Климан Боркс мебошад. Муваффақият ва комёбии намоёни тарғиби шахсият ва осори гаронбаҳои Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳамин фаъолияти ин шоири номдор ва боистеъдоди амрикоӣ марбут аст. Китоби таълифнамудаи ў бо номи «Румӣ» беш аз ҳар рўйдоди дигаре боиси зуҳури барқовари алоқа ва дилбастагии мардуми Амрико ба шахсият ва осори ин шоири нобиғаи форсизабон гардид,–чунин ақида доранд коршиносон ва пажўҳишгарони афкори ҷомеаи ИМА. Климан Боркс изҳор намудааст, ки ният дорад ба зодгоҳи Ҷалолиддини Румӣ – шаҳри Балх сафар намояд ва дар он ҷо маҳфилҳои румихониро барпо намояд ва ашъори ин мутафаккири бузурги исломӣ ҳам ба забони асл – форсии тоҷикӣ ва ҳам ба забони тарҷума – англисӣ садо диҳад, то ки ҳазорон мардум аз ин баҳри бекарони маърифат ва ирфони Ҷалолиддини Балхӣ мутахаллис ба Мавлоно Румӣ баҳраи маънавӣ бардоранд.
Хабаргузории мазкур дар охири гузориши худ менависад: «Ин ҳисси кунҷковию шавқу завқи беандоза, майл ба таҷрибаандўзӣ ва дарки афкору ақидаҳои пешқадам, озодандешию муборизахоҳӣ, маърифатпарварию инсондўстӣ, тарғиби ғояҳои бародариву баробарӣ аз хислатҳои муштараки Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ ва Климан Боркс мебошанд ва ин ду инсони мутафовит ва дорои фарҳанги гуногунро ба якдигар васл ва пайванд сохтааст».

пешина
аз 298
навбатӣ