Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баррасиву суханрониҳо, мутолиаи осори ў дар бахшҳои фарҳангӣ, матолиби зиёде аз аҳвол ва осори вай дар саҳифаҳои рўзнома ва маҷаллаҳои ҳама шаҳрҳои бузурги Амрико ба нашр мерасанд. Гурўҳе аз кормандони телевизиони ин кишвар барномаи ҷолиберо роҷеъ ба зиндагинома ва осори ў сабт карда, ба маърази намоиши миллионҳо тамошобин гузоштаанд. Ин ҳама рўйдодҳои фарҳангии марбути Румӣ нишондиҳандаи баланди маҳбубияти ў дар Амрико ба шумор меравад. Ин хабаргузорӣ қайд мекунад, ки таваҷҷўҳи ҷомеаи Амрико рўз то рўз ва сол ба сол ба шахсият ва осори пурарзиши Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ зиёд мегардад ва бо баёни матолиби боло чунин меафзояд:
Дар ҳақиқат, ин шоири шаҳир ба ҳеҷ ваҷҳ амрикоӣ нест. Амрикоиҳо ҳам наметавонанд чеҳраи ўро ба таври зинда дар толорҳо, хиёбону гулгаштҳо ва ё дар барномаҳои телевизионӣ бубинанд. Зеро вай беш аз ҳафтсад сол пеш аз ин даргузаштааст ва агар номи ў муддати замони кўтоҳест, ки дар Амрико ба номи ошно табдил ёфта бошад, тоҷикон, эрониён ва дигар мардумони форсизабони ҷаҳон қарнҳои зиёдест, ки вайро хеле хуб мешиносанд ва аз осори пурарзиши ў баҳраҳо мебардоранд. Ному насаби аслии ў Ҷалолиддини Балхист ва ў дар Амрико бо нисбаи Румӣ бештар шуҳрат дорад.
Тибқи маълумоти чандин сарчашмаҳои муҳим ва муътамад дар ИМА китобҳои Мавлоно Румӣ тайи даҳ соли охир беш аз осори ҳар шоири дигаре дар ин кишвар ба фурўш расидааст. Таъсиси сайти махсус таҳти унвони «Румӣ» дар шабакаи интернетӣ дар як муддати кўтоҳ беш аз як миллион нафар амрикоиҳоро ба худ ҷалб намуда ва онҳо аз матолиби он истифода бурданд.
Ному тасвири Мавлоно Румӣ дар китобҳо, лавҳаҳо, тақвимҳо, дуконҳои китобфурўшӣ, маҷаллаву рўзномаҳо, мактабу донишгоҳҳои саросари Амрико хеле зиёд ба назар мерасад.

пешина
аз 298
навбатӣ