Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхии Вахшонӣ мутахаллис ба Румӣ аз зумраи бузургтарин мутафаккирону донишмандони исломӣ ва намояндаи бузурги адабиёти форсу тоҷик ба шумор меравад ва дар таърихи тамаддуни ҷаҳон мақоми баландеро ишғол менамояд. Беш аз ҳаштсад сол мешавад, ки андешаҳои баландпарвози ў қалби ҳазорон нафар сокинони дунёро тасхир месозанд. Гўё пири хирадманд Мавлонои Рум дар даст чароғи ирфону маърифат дар ҷустуҷўйи Инсони комил аст, кўй ба кўй, гузар ба гузар, кўча ба кўча, деҳа ба деҳа, шаҳр ба шаҳр, кишвар ба кишвар мегардад, паёми ойини Ҳақ, озодию озодандешӣ, сулҳу сафо, баробариву бародариро ба мардум мерасонад, то ки онҳо худро ва саранҷом офарандаи хеш Худованди мутаъолро бишиносанду ба камол бирасанд ва саодати ҳар ду ҷаҳонро ба даст биоваранд. Ба қавли худи Мавлоно:
Дӣ шайх бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр,
К-аз деву дад малуламу инсонам орзуст.
3-ин ҳамраҳони сустаносир дилам гирифт,
Шери Худову Рустами дастонам орзуст.
Гуфтам, ки ёфт менашавад, ҷустаем мо
Гуфт: он ки ёфт менашавад, онам орзуст…
Тайи чанд соли охир осори пурарзиши ин намояндаи адабиёти форсу тоҷик ба мамолики Ғарб, бахусус Иёлоти Муттаҳидаи Амрико роҳ ёфта, дар дили ҳазорон нафар мардуми гуногуннажоду мухталифзабон ва маънавиятҷўи ин сарзамин маъво мегузорад. Хабаргузории сайти «Донишҷўёни эронӣ»-и пойгоҳи интернетии Вазорати умури хориҷаи ИМА иттилоъ медиҳад, ки алҳол Мавлоно Румӣ дар кишвари Амрико маҳбубтарин шоир ба шумор меравад. Ҳам акнун маҳфилҳои дарсӣ марбут ба осори ў дар тамоми нуқоти ин кишвар вуҷуд доранд ва ин дар ҳоле аст, ки як даҳсола пеш камтар касе ўро мешинохт.

пешина
аз 298
навбатӣ