Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

қабри падари бузургвораш Султонулуламо Баҳоуддинвалад мадфун сохтанд ва қозӣ Сироҷуддин дар назди турбати ҳазрати Мавлоно ин абёти ҷонсўзро бархонд ва фиғон аз қалби пурсўзи мардум баромад:
Кош он рўз, ки дар пойи ту шуд хори аҷал,
Дасти гетӣ бизадӣ теғи ҳалокам бар сар.
То дар ин рўз ҷаҳон бе ту надидӣ чашмам,
Ин манам бар сари хоки ту, ки хокам бар сар.
Ва муддати чиҳил шабонарўз ёрону пайвандон, шогирдону муридон ва умуман мардуми Қунияи Рум таъзияти Мавлоно медоштанду нолаву гиря мекарданд ва бар фавти он саодати осмонӣ дареғу ҳасрат мехўрданд ва бузургиву ахлоқи поки ўро ба забон меоварданд. Бояд гуфт, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ пеш аз вафоташ марсияи ҷонсўзе гуфта, ёронашро бо чунин абёт дилбардорӣ кардааст:
Ба рўзи марг чу тобути ман равон бошад,
Гумон мабар, ки маро дарди ин ҷаҳон бошад.
Барои ман магирию магў: дареғ, дареғ,
Ба доми дев дарафтӣ, дареғ он бошад.
Ҷанозаам чу бибинӣ, магў: фироқ, фироқ,
Маро висолу мулоқот он замон бошад.
Маро ба гўр супурдӣ, магў: видоъ, видоъ,
Ки гўр пардаи ҷамъияти ҷинон бошад.
Фурў шудан чу бидидӣ, баромадан бингар,
Ғуруби шамсу қамарро чаро зиён бошад.
Кадом дона фурў рафт дар замин, ки наруст,
Чаро ба донаи инсонат ин гумон бошад?
Туро чунон бинамояд, ки ман ба хок шудам,
1 Ба зери пойи ман ин ҳафт осмон бошад.

  1. Бадеъуззамон Фурўзонфар. Шарҳи ҳол ва осори Мавлоно./ Бо кўшиши Ҷаъфари Ранҷбар ва Масъуди Миршоҳӣ/. Душанбе: Бунёди «Довар Ибтиҳоҷ», 2007, саҳ. 157-165.
пешина
аз 298
навбатӣ