МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Меҳмони он марди кўр ҳам сабр кард, то ин ки рози соҳибхона ошкор шуд.
Нимашаб овози Қуръонро шунид,
Ҷаст аз хоб, он аҷоибро бидид.
Аз садои кўр, ки Қуръон мехонд, бедор шуду дид, ки кўр Қуръонро кушода, ангуштҳои худро рўйи калимаҳо мекашад ва калимотро дуруст мехонад, гўё чашми ў биност. Меҳмон гуфт:
–Ту чунон мехонӣ, ки гўё кўр нестӣ.
Гуфт: Эй гашта зи аҳли тан ҷудо,
Ин аҷаб медорӣ аз сунъи Худо?
Ман аз Худованд хостам, ки чун чашмам намебинад, ки ин ҳама хости ўст, ҳар гоҳ бихоҳам Қуръонро бихонам, чашмҳоямро ба рўйи калимот бино кунад ва Парвардигор ҳам хоҳиши маро пазируфт. Шунидам, ки фармуд:
–Хости туро қабул кардам, чун худи ту ҳам ба қабули он умедвор будӣ ва биноии худро барои коре, ки хушнудии мо дар он аст, мехоҳӣ.
Аз он ҳангом то кунун, ҳар гоҳ ки ба хондани Қуръон мепардозам, нуре метобад ва чашмам калимотро ҷудо мекунад. Худое, ки бидуни дид ба ман тавоноии хондан медиҳад ва бечароғ рўшноие ба ман мебахшад, ман дигар чӣ ғам дорам?
Гўянд рўзе Баҳлул аз дарвеше пурсид:
–Чунӣ?
Гуфт:
–Чун аст ҳоли касе, ки ҳар чӣ мебинад, мехоҳад ва ҳар чӣ мехоҳад, мебинад?
Гуфт Баҳлул он яке дарвешро:
«Чунӣ, эй дарвеш? Воқиф кун маро».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё