Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гуфт: «Чун бошад касе, ки ҷовидон
Бар муроди ў равад кори ҷаҳон?
Чун қазои Ҳақ ризои банда шуд,
Ҳукми ўро бандаи хоҳанда шуд.

Одамӣ, ки тан ба ризои Ҳақ диҳад, ҳар чӣ бихоҳад, ба ў мерасад. Чунин касе имонаш барои ишқи биҳишт ё тарси ҷаҳаннам нест.

Баҳри Яздон мезияд, не баҳри ганҷ,
Баҳри Яздон мемурад, н-аз хавфу ранҷ.

ДОСТОНИ
МАРДУМИ ШАҲРИ САБО ВА НОДОНИИ
ОНҲО

Ёдам омад қиссаи аҳли Сабо,
К-аз дами аҳмақ сабошон шуд вабо.
Он Сабо монад ба шаҳри бас калон,
Дар фасона бишнавӣ аз кўдакон.
Кўдакон афсонаҳо меоваранд
Дарҷ дар афсонашон бас сирру панд.
Ҳазлҳо гўянд дар афсонаҳо,
Ганҷ меҷў дар ҳамай вайронаҳо.

Шаҳри Сабо як шаҳри афсонавие буд, монанди он чи дар афсонаҳои кўдакон мехонанд. Дар афсонаҳои кўдакон ҳарчанд шигифтангез ба назар ояд ҳам, дар онҳо панду андарзҳост. Шаҳри Саборо, гуфтаанд, ки бисёр бузург буд, вале ба андозаи як коса бештар набуд. Ва монанди пиёз давр дар давр сераҳолӣ буд, аммо беш аз се нафар роҳбари маънавӣ надошт. Яке аз он се нафар марде буд бисёр дурбин, вале кўр, Сулаймонро намедид, аммо мўрро медид. Дигар гўши тез дошт, вале кар буд ва севумӣ бараҳнае буд, ки метарсид дузд домани куртаашро мебурад.

пешина
аз 298
навбатӣ