МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Ту намегирйӣ, намезорӣ чаро?
Ё ки раҳмат нест дар дил, эй киё!
Чун туро раҳме набошад дар дарун,
Пас, чӣ уммедастамон аз ту кунун?
Мо ба уммеди туем, эй пешво,
Ки бинагзорӣ ту моро дар фано.
Шайх гуфт:
–Гумон накунед, ки дар дили ман раҳм нест. Ман ба кофирон ҳам раҳм дорам. Агар касе санге ба саг бизанад, ўро бозмедорам ва дуо мекунам, ки саг хўи сагӣ надошта бошад, ба касе озор нарасонад, касе ҳам ба ў санг назанад. Ин ки дар балою мусибат ашк намерезам, аз имоне аст, ки ба Худо дорам. Чун муътақидам, ки ҳар чӣ аз Худованд мерасад, некў аст. Ў додгар аст ва ҳар чӣ мекунад, ба фоидаи мову росткории мост.
Занаш гуфт:
–Чӣ тавр мумкин аст, ки касе фарзандашро аз даст бидиҳад, вале ғамгин нашавад?
Мард гуфт:
–Эй зан! Онҳо чӣ зинда ва чӣ мурда аз ман дур нестанд. Ман ҳамеша онҳоро мебинам ва бо онҳо ҳастам.
Гарчи берунанд аз давру замон,
Бо мананду гирди ман бозикунон,
Халқ андар хоб мебинандашон,
Ман ба бедорӣ ҳамебинам аён.
Ман медонам, ки ҷонҳои онҳо зиндони танро шикастанд ва ба раҳмати Худованди Мутаъол пайвастаанд; ҷое рафтаанд, ки мо ҳам рўзе хоҳем рафт, дер ё зуд якдигарро хоҳем ёфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё