МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Дарвеш, ки аз фош шудани асрораш огоҳ шуд, даст ба дуо бардошту гуфт:
– Эй Худованд, ман ин розро пинҳон кардам. Ту худ хостӣ ошкор шавад.
Гуфт: «Ҳикматро ту донӣ, Кирдгор,
Ман кунам пинҳон, ту кардӣ ошкор».
Худованд фармуд:
–Мардуме буданд, ки туро гунаҳкор медонистанд ва эҳтироми туро риё мехонданд. Мо бо дасти бурида туро барои кор имкон бахшидем, то онҳо ба ин ҳақиқат пай баранд, ки носипосӣ аз ту сар назада, балки барои шикастани аҳду паймон танбеҳ шудаӣ. Ин кароматро ба ту барои дили онҳо додам, ки ба ту бадбин набошанд ва бидонанд, ки бандаи дўстдори мо ҳастӣ.
Ин каромат баҳри эшон додамат
В-ин чароғ аз баҳри он бинҳодамат.
ДОСТОНИ
ШАЙХ ВА ХОНАВОДААШ
Буд шайхе, раҳнамое пеш аз ин,
Осмонишамъ бар рўйи замин.
Дар рўзгори пешин шайхе ботаҷрибаю некўкор буд, ки дар миёни қавми худ чун раҳнамову пешво обрўву эътибори баланд дошт. Паёмбари акрам (с) ҳам гуфтааст:
–Пири ботаҷрибаву доно пайғамбаре аст миёни мардуми худу хешонаш.
Як рўз хонаводаи шайх ўро сарзаниш карданд, ки чаро сангдил аст ва дар марги азизони худ гиряву зорӣ намекунад, ашке намерезад, гўё дар дили ў раҳм нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё