МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Ман шикастам аҳду донистам бад аст,
То расид он шумии ҷуръат ба даст.
Дасти мову пойи мову мағзу пўст
Бод, эй волӣ! Фидои ҳукми дўст».
Гуноҳ аз ман аст, аҳде, ки бо Худованд карда будам, шикастам ва ҳол ин ки яқин доштам, ки Парвардигор маро ёварӣ мекунад ва ман ба гуруснагӣ тоб меоварам. Инак, дар озмоиш рўсиёҳ шудам!
Боязиди Бастомӣ ҳам дарёфт, ки дар парастиш кўтоҳ омадааст, савганд хўрд, ки як сол об нахўрад, то танбалиро аз худ дур кунад!
Гуфт: «То соле нахоҳам хўрд об,
Ончунон карду Худояш дод тоб».
Ба ҳамин ҷиҳат Боязид аз бузургтарин орифони замони худ шуд ва овозаи ворастагии ў ҳама ҷо печид.
Вале ман тоб наёвардам ва дучори ин бало шудам.
Аммо Худованд медонист, ки дарвеш имони дурусте дорад. Бо ин ки дасташ бурида шуда буд ва мардум ўро дарвеши якдаст меномиданд, бахшишу меҳрубонии худро аз ў дареғ нафармуд.
Рўзе яке аз муридони ўро гузораш ба он кўҳсор афтод. Вориди хонаи вай шуд. Дид бо ду даст сабад мебофад. Дар шигифт шуд, вале дарвеш ўро сарзаниш кард, ки чаро бехабар омадааст. Мурид гуфт:
–Аз шавқе, ки ба шумо доштам, фаромўш кардам, ки дарро тақ-тақ бизанам ва узр хост. Дарвеш хандид ва ўро бахшид. Хоҳиш кард он чи дидааст, ба касе нагўяд. Магар то вақте ки дарвеш аз ин ҷаҳон рафта бошад. Мурид пазируфт, аммо мардум кам-кам аз ин роз огоҳ шуданд. Ҳар рўз меомаданд ва аз равзани хона ўро мепоиданд, ки чӣ гуна бо ду даст сабад мебофад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё