Аз пайи паланг

ҳисоб мешудааст, – меандешид Вола), зиёд мекарданд. Боз ҳуҷуми сагҳо, бадани якдигарро хоидан шиддат мегирифт.
Эҳ, агар сагҳо медонистанд, ки ҳамаи ин доми фиреб асту одамон барои яклаҳзаина фароғати худ ин шуғлро ба роҳ мондаанд, шояд байни худ ҷанг намекарданд. Лекин ин сагҷанги зормонда ҳоло ҳам давом дорад. Мо – сагҳоро чӣ водор мекунад, ки бо якдигар ҷанг кунем? Ин ҷо айби одамон аст, ки дигар махлуқу ҷонваронро писанд намекунанд, худро доно тарошида, сагҳоро гӯлу гумроҳ мешуморанд. Гӯё намедонанд, ки сагҳо низ нафас мекашанд, зиндагӣ мекунанд ва ҳамаи хубу гандаи дунёро мефаҳманд. Танҳо забони гӯё надоранду халос...
Вола дид, ки ана ҳамин саги гӯшбуридаи як вақтҳо машҳур чӣ аҳволи вазнине дорад. Сару бадани кандаю доғҳои танаш, ки гувоҳи муборизаю ҷангҳо буданд, ҳолати сагро раҳмовар нишон медоданд. Вола ба тани ларзони саг ва ҳамҷинсонаш нигоҳ карда, фаҳмид, ки онҳо гуруснаанд. Гашта хона омад.
Зуд устухони калонеро, ки ҳанӯз ҷо-ҷо гӯшт дошт, аз кунҷи ҳавлӣ ба даҳон гирифта, пас гашт. Ҳатто, шираву шарбати устухони даҳонашро фаромӯш кард. Танҳо вақте ки пеши ҳамҷинсонаш расид, нафаси чуқуре кашида устухонро ба саги гӯшбурида дод.
Акнун саги фартут пораи устухонро бо шавқ мехоид. Оби даҳонашро базӯр фурӯ бурда, гоҳе ба Вола нигоҳи миннатдорӣ меафканд. Аз ду кунҷи лабони саги бечора об мерехту ҷонвар устухонро мехоид. Барои Вола лаҳзаҳои аз ҳама вазнин фаро расида буд. Ӯ низ худашро мисли ҳамҷинсони бесоҳибаш дардманду бесоҳиб дид. Соҳиби хайрхоҳашро фаромӯш кард, дилаш мисли ин сагҳои дайду аз одамон монд...
Вале саг – саг аст ва ӯ бо андешаи сагонааш аз дил гузаронд, ки ба хотири соҳибаш чанд вақт боз бо модасаг вонахӯрдааст. Хумори дилашро нашикастааст. Охир, мо ҳам нафс, шӯру шавқ, ишқу ошиқӣ дорем, фикр кард Вола. Ба модасаг хеле нигоҳ карду ҳис намуд, ки ҳоло ҳам ин модасаг ҳусну ҷамолашро гум накардааст, баръакс тануманду зебост.
Шӯру шавқи то ин дам хомӯшаш аз нав аланга зад. Дигар саги пир ҳамҷинсонашро надид, ҳавлиро фаромӯш кард. Назди мо-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё