Аз пайи паланг

буд, ки овозе ношинос омад. Ҷангалбон бо дили нохоҳам пас гашт ва намояндаи ҳукуматро дид.
– Чаро гавазнҳоро дар ҷангал сар додӣ?
– Магар мумкин нест?
– Гавазнҳо бояд се моҳ дар ферма нигоҳ дошта мешуданд.
– Чӣ хел инҳоро се моҳ дар оғил нигоҳ медорӣ? Инҳо ҷонварони озоданд, дар қайду банд зуд мемиранд…
Намоянда каме ба сукут рафт ва афзуд:
– Ин муҳим нест, ҳоло як гавазнро ба хонаи раис бурдан лозим.
Саид барошуфт:
– Кадом раис?
– Чанд раис ҳаст?
– Ман ягон гавазнро аз гала ҷудо намекунам.
Пас аз ин воқеа бадбинон тӯҳматҳои зиёд бастанд ба Саид, аммо чун дасту дилаш пок буд ва қонуну қоида кор мекард дар кишвар, бегуноҳиашро исбот кард, сараш хам нагашт.
Гавазнҳо зуд талу пуштаҳо ва бешаро омӯхтанд. Ҳафтае пас
худашон бемалол чашмаю рӯдхонаҳоро пайдо карда обнӯшӣ
меомаданд. Тобистон ҳам гузашт. Саид Худо мегуфт, ки зимистон гарм ояд, то ҷонварони бегуноҳ азоб накашанд. Охир, дар
иқлими барояшон бегона зуд унс гирифтан осон нест. Аммо
кӯҳистон зебост: як тараф чаманзори пури пудинаи кӯҳӣ, рову
вағнич, торону чукрӣ, дигар ҷониб қад-қади ёна дӯлоназору
пистазор аст, пастхамиҳоро хоргулу алафҳои дигар зер кардаанд. Вале акнун кам-кам аз паси кӯҳҳо бӯи хунукӣ меомад,
шамоли сард мевазид. Ана, ҳамин сардиҳои бемаврид табъи
ҷангалбонро хира кард. Аз беқарорию хӯсидани ҷонварон
маълум буд, ки онҳо чӣ будани шамолу тундбоди сахти
кӯҳистонро намедонанд. Ғайричашмдошт зимистон сербарф
омад. Саҳарии барфи аввал гавазнҳоро ба ёнаи беша, ҷои офтобрас овард. Ҳайвонҳои ба гармӣ одаткарда ба зӯр роҳ мегаштанд. Дар барф ғӯтида пешпо мехӯрданд. Саид барфи болои буттаҳоро такида ба гавазнҳо барои ёфтани ғизо ёрӣ медод. Чӣ қадар мушкил буд. Ана, ҳамон вақт сархайли гавазнҳо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё