Аз пайи паланг

Бобои Саид сухани ҳамсарашро бурид:
– Носири гарданкаҷ дирӯз боз як оҳуро паронд. Бачааш танҳо монд. Бечора сар то сари беша давида оча меҷӯяд.
Нолаҳои оҳубарра маро обу адо кард. Ман бояд он беимонро ба маҳкама кашам.
– Мардак, метарсам, пешонаам шӯр шавад. Овоза ҳаст, ки гӯё шикорчиён қасди ҷони туро доранд.
– Гапи беҳуда, ман аз касе наметарсам, давлат ҳаст, қонун ҳаст...
– Ба ҳар ҳол, эҳтиёт шав. Ба хотири ҷангал қариб бегона шудаӣ. Ақаллан тӯю сур ё хабаргирии наздиконатро фаромӯш накун...
Мӯйсафед ба андеша рафт. Боз ҷастухези галаи гавазнҳо пеши назараш омад. Ӯ ин ҷонварони зеборо хеле барвақт, замоне ки онҳоро аз кишвари ҳамсоя оварданд, дӯст дошт.
Он айём барои таҷрибаи илмӣ беш аз панҷоҳ сар гавазнҳои бухороиро ба ин мавзеъ расониданд. Бо мақсади ба иқлим ва обу ҳавои минтақаи нав мутобиқ кардани онҳо. Он вақтҳо Саид нав ҷангалбон таъин шуда буд. Дар оғӯши дара, ки чор тарафаш кӯҳҳо саф кашидаанд, хомӯшии пурасроре ҳукмфармо буд. Ҳавои тоза, гулу буттаҳои хушбӯй, чукрию торон, пудинаи кӯҳӣ, дӯлоназор зуд писанди оҳубарраҳо гашт. Галаи оҳувон бо Саиди ҷавон низ унс гирифт. Ҳамин ки оҳувон лаби чашма обхӯрӣ меомаданд, Саид пешорӯи гала истода, онҳоро тамошо мекард. Шумораи оҳувон сол то сол зиёд мегашт. Онҳо ба ҳар васила насли худро нигоҳ медоштанд.
Боду ҳавои ҷангал зуд дигар мешавад. Дами саҳарӣ мебинӣ, ки офтоб баромадаасту ҳаво гарм аст, аммо рӯз нисф нашуда аз куҷое боди дайдуе вазида, хушку тарро ба фазо мебардорад, борони сел меборад. Боре ӯ ҳанӯз ба маҳали гавазнҳо нарасида буд, ки борон шиддат гирифт ва якбора ба жола мубаддал гашт. Вай хавотир буд, ки оҳувон дар селроҳа бимонанду нобуд шаванд. Чакманашро болои сар гирифта сарнишеб давид.
Аз теғаҳои кӯҳу шахҳо ҳаври гарме мехест, ба гулу гиёҳон печида сӯи осмон мерафт. Саид дид, ки оҳувон дар ҷое кушоду бехавф мечаранд, осуда шуд. Вай акнун дохили хайма шуданӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё