Аз пайи паланг

2ВГОВИ ЯКРАВ
Баъди марги холаи Раҳима модагов яку якбора дигар шуд.
Бовар кунед, бачаҳои азиз, ман пештар медидам, ки гови пир чӣ гуна орому осуда буд. Дар рӯи ҳавлӣ, алафро кавша карда, лаҳзае аз соҳибаш – холаи Раҳима ҷудоӣ надошт.
Кампир ҳам онро меҷӯшиду ҳам обу алафаш медод. Модагов ба ғайр аз холаи Раҳима дигар касеро наздикаш намемонд.
Як ҳафта боз гов безобита, ҳаросону қаҳролуд аст. Гоҳе ба ёди соҳиби бовафояш баоси боаламе кашида, ба замин пой мекӯбад. Гӯсолаи худсолашро низ хаёле фаромӯш кардааст. Коҳу об ҳам намехӯрд. Якравии модагов ҳиҷ тамом намешуд. Баъди як-ду рӯзи дигар гӯсолаашро низ ба наздаш роҳ намедодагӣ шуд. Акнун макондани гӯсолача ва дӯшидани модагов тамоман мушкил гашт.
Чанд маротиба ҳаққу ҳамсояҳо хостанд говро бо роҳи зӯрӣ мутеъ созанд. Лекин модагови пуртаҷриба дарзамон чизеро мефаҳмид, ки думашро хода карда чор тараф метохту гардан намефуровард.
Як рӯз соҳиби ҳавлӣ бо дӯстонаш нохост ба модагов ҳуҷум карда, ғайричашмдошт онро ба замин афтонда, дасту пояшро маҳкам бастанд. Келини хона аз тарсу ваҳм ба модагов наздик нашуд. Барои он ки шири гов ба замин нарезад, говҷӯш лозим буд. Говҷӯше, ки модагов ӯро роҳ диҳад. Ин дам духтари хурдии холаи Раҳима, ки чанде пеш шавҳар карда буд, дар ҳавлӣ пайдо шуд. Бо дидани рӯи духтарак нигоҳи модагов дигар хел шуд. Акнун ҳайвон оҳиста-оҳиста нафас кашида, нигоҳи имдодҷӯёнаашро аз бонуи шинос намеканд.
Духтари раҳматӣ чизеро фаҳмид, ки омада говро ҷӯшид.
Сатили пурширро ба гӯшае гузоштанд. Вақте ки банди пои говро кушоданд, ҳайвон орому осуда метофт. Аҷаб, вай назди гӯсолааш нарафт, балки пеши бону омад. Дастони ӯро лесида баос кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё