Аз пайи паланг

аст. Ӯ лонаашро холиву вайрон дида, фиғонаш баромад. Худро ба хоку санг зад, ҷароҳат ёфт, вале аз чӯҷааш нишоне наёфт. Дами рӯз мурғи даштӣ ба анбӯҳи ангатзор парвоз карду яке нигоҳаш ба шикорчӣ афтод. Дид, ки чӯҷаи дӯстдоштааш дар кафаси шикорчӣ талвосаю беқарорӣ дорад. Ин вақт шикорчӣ намедид, ки чӣ тавр чӯҷаи мурғи даштӣ худро ба танаи қафас зада, роҳи наҷот мекобад.
... Мурғи даштӣ оқибати корро фаҳмид, донист, ки аз дасти бешафқати шикорчӣ халосӣ нест. Акнун ӯ танҳо ғами фарзанд, чӯҷаи навомӯхт ба сар дошт. Агар худашро нишон диҳад, яқин ҳадафи тири шикорчӣ қарор мегирад. Мурғи даштӣ девонавор баланду паст парвоз карда, яке овоз баровард. Чӯҷаи навомӯхт овози модарашро шинохту бесаранҷом гашт. Худро ба чор тарафи қафас зада, аз ғояти тарсу ҳарос даҳонаш боз шуда, дилак мезад. Мурғи даштии пир дар болои сари шикорчӣ тоб хӯрда, боз дур мешуд. Ӯ аз он ки ба чӯҷааш ёрӣ дода натавонист, ба худ печиду болҳояшро паҳн карда, фарши замин шуд. Селаи гунҷишкакон ин ҳолро дида, аз тарс шавқункунон парешон шуданд. Шикорчӣ афтидани мурғи даштиро дида, аз шодӣ қафасро партофта, аз қафои паранда давид. Вақте ки шикорчӣ фашшаскунон, бо дами гирифта, забонаш ба комаш часпида нав ба мурғи даштӣ наздик шуд, нохост мурғи худро мурда вонамудкарда аз ҷояш парида, ба дуртар парвоз кард.
Шикорчӣ ҳанӯз умедашро наканда буд, ки боз аз қафои мурғи даштӣ рафтан гирифт. Танҳо баъде ки мурғи даштӣ тамоман нопадид шуд, шикорчӣ хатояшро фаҳмида, саросемавор ақиб гашт.
Шикорчӣ пакару маломатзада, афсӯсхӯрон ба қафас наздик шуда, чӯҷаи мурғро пайдо накард. Бо алам қафасро зада шикаста, худро танбеҳ дод. Яке дуртар дар сари теппа мурғи даштиро бо чӯҷааш дид. Милтиқи бетирро песонда, аз замин санг гирифта, ба сӯи мурғон ҳаво дод. Акнун шикорчӣ дар миёнаи дашт ҳайрону лол чӣ кор карданашро намедонист.
Ин вақт мурғони даштӣ дар иҳотаи гунҷишкакон парвоз доштанд. Онҳо дигар аз шикорчӣ наметарсиданд ва сурудхонон ба манзили пештараи худ бармегаштанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё