Аз пайи паланг

қишлоқ меояд. Тайёрӣ бояд дид. Дар шиғу ковокии ҳота дом монда ҳушёр шудан лозим, ба одамҳо низ шояд ҳуҷум кунад.
Хуки пири ёбоӣ баъди воқеаи шуми ба сараш омада, чанд соат дар талу пастхамиҳо гашта, баробари рӯшан шудани атроф ҷониби хилватгоҳ раҳакӣ шуд. Мехост ҳарчи зудтар рафта хукбачаҳояшро бинад. Омаду ҳар ду бачаашро оғуштаи хоку хун ёфт. Модахук онҳоро бӯ кашидаву лесида-лесида хурхуркунон овози бадарде баровард…
Хуки ёбоӣ пай гирифта мерафт. Ҳайвон бӯ кашида дар пайи шикорчӣ ва ҷустуҷӯи хонаи ӯ шуд.
Хук атрофи хона чарх зад. Чашмаш ба оғили гову гӯсфанд афтоду ба бари девор рост хеста, аз мӯрии барои ахлотпартоӣ кушодаи оғил, ки калонтар буд, дарун даромад. Молу гов дар як дам бесаранҷом шуда, роҳи гурез кофтанд, аммо дар баста буд ва хуки ёбоӣ аввалин бор ғайриихтиёр бо фукаш ва дандонҳои тезаш ҷонварони бегуноҳро даронда ҳамаро ба хоку хун оғушта кард.
Баасту садои ноҷои гову мол аҳли хонаро бедор кард.
Шикорчӣ омадани хукро фаҳмид, ки милтиқашро ба даст гирифта, майли берун шудан кард. Хуки ёбоӣ ба ҳота гузашту чашмаш ба дом афтод. Ӯ, ки аз ҳилаи шикорчӣ огоҳ буд, домро писанд накарда бо фукаш онро дур партофту ба вайрон кардани палаку шикастани навдаи ниҳолон, поймол кардани гандуми нешзада шурӯъ кард.
Шикорчӣ овози ваҳшатзадаи ҳамсараш ва кӯфтани дарро шунида, якбора давида берун баромад ва ӯ низ суроби хуки ваҳширо дида дар тааҷҷуб монд.
Хук Сафари шикорчиро шинохт. Афту андоми хунуки ӯро боз дид ва аз дил гузаронд, ки ин башара бояд ҷазояшро бинад.
Шикорчӣ аз фурсати муносиб истифода бурда, сари хукро нишон гирифта паронд, вале тираш хато хӯрд. Хук аз дард фарёди сахте карда, як такон хӯрду наафтид. Хук ба рони пояш тоб хӯрда, хуни аз он ҷо шоридаро лесида, хур-хур кард. Аз лаҳми ронаш хун заҳида, пояшро суп-сурх кард. Пояш ғалбер шуда буд. Сипас лангон-лангон канори полез рафт. Хуки пир таҷрибаашро ба кор бурда, худашро нотавону дар чанголи марг вонамуд кард. Ӯ дигар илоҷ надошт. Акнун хук дардеро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё