Аз пайи паланг

бошад. Хукбачаҳо интизори овозу ишорати модари худ чор тараф нигоҳ карда, ҳайрон буданд. Аммо аз модахуки пир дарак набуд.
Шикорчии сурхина аз оромии хукбачаҳо рӯҳ гирифта, яку якбора ду тир паронд. Хукбачаҳо садои нолаомези дилхароше бароварда ҷо ба ҷо рӯи барф афтиданд...
Дар деҳа овоза шуд, ки Сафари шикорӣ базӯр аз шикори хук бегоҳӣ ҷон ба саломат омадааст.
– Наход, одам ҳамаро монда, ҳами думи шикори хука гирад, ҳа. Шумо, Сафар, як мардаки калон, мергани моҳир. Охир, гӯшти хук ҳаром-ку.
Сафари шикорчӣ дар бистараш нимхез шуда, хомӯшона ба гапҳои Саиди босуҳма гӯш дод. Оқибат гапҳои мусоҳибаш ба дилаш зад, ки афзуд:
– Шумо, Саид, чира медонед, мазаи шикора надида бошедки!
– Э, мурад ҳами хелӣ шикор. Базӯр як ҳафта боз нав яхҳот об шуданд, хунукит зада буд, мемурдӣ, бачаҳот сағира мешуданд баъд, – гуфт бо қаҳр Саиди босуҳма.
Сафар ҳам паст наомад:
– Ту, Саид, ғами худта хӯр. Ман аз шикори хукҳо то мурдана даст намекашам, марда қавлаш якта, фаҳмидӣ.
– Дигарон кабку бузи кӯҳӣ шикор кунанд, ту хукбача.
Ҳайфи қаду бастат. Сафаре, худат ранги хук шудаӣ, бахудо.
Дигар Сафари шикорчӣ давоми гапҳои ҳамсояашро гӯш накард, балки аз қаҳру ғазаб ба худ печида, зери лаб чиҳое гуфта хомӯш монд.
Акнун дар хонаи холӣ шикорчӣ танҳо монда буд. Дар сараш ҳазору як фикру хаёл давр мезад:
– Аз баҳри ҳамин шикори наҳс бароям-чӣ, – андешид ӯ. – Ё гапи ҳами мардум рост бошаву шикори хук ба хонаам наҳсӣ, касратӣ биёраду оқибат радди маърака гардам, ё тавба!
Шикорчии умрдида ҳанӯз аз кори кардааш қаноатманд набуд. Як гӯшаи дилаш ӯро васваса дошт, ки боз ба шикори хук барояд, охир ҳамин хукҳо набуданд, ки борҳо полезу ҳавлияшро вайрону валангор кардаанд. Не, ин хуки пири зиндамонда оқибат барои қасоси бачаҳоша гирифтан албатта

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё