Аз пайи паланг

бати соҳиби наваш гаранг шуда аз ҷояш намеҷунбид. Карим дарзаи дуюмро бо шаст бардошта, болои полон гузошт.
Арғамчинро сахт тоб дода аз болои гарданбанд гузаронд. Хар аз тарс ҷунбиду боз дарзаҳо афтоданд.
Ин дам гӯё ҷони Карим ба ҳалқаш омад, ки бо қаҳру ғазаб харро кӯфтан гирифт, то дилаш хунук шудан ҳайвонро азоб дод. Танҳо даме ки дилаш аз задан хунук шуд, бозистод. Фикр карду боз худашро таскин бахшид. Дарзаҳоро аз нав ба якдигар баста, баъд болои хар гузошт. Акнун нархар бомаром пеш мерафту Карим босавлат ҷонварро их гӯён мехост ҳарчи тезтар ба қишлоқ баргардад. Нияти як бало карда аз мӯйсафед пештар расидан дошт, то фаҳмонад, ки вай зӯру тавоно ҳасту корашро медонад.
– Их, ҷонвар, их! Ин мӯйсафед манро гӯлу гаранг гумон кардааст, ана, мебинӣ кӣ ҳақ будааст, – аз дил гузаронд Карим.
– Магар дар чиллаи зимистон, дар ин хунукӣ нигоҳубини хар зарур аст. Дуруст аст, ки ман тобистони дароз модахарро кор фармудам, бечора моҳҳои дарози гармо алаф кашид, вале ҳоло зимистон, алафу ҷав нест, боз модаговам гурусна!
Охир, хар барои кор аст, пир ки шуд, нодаркор мешавад, боз як хар будааст-да, хар...
Маркаб аз дилу нияти соҳибаш бехабар оҳиста-оҳиста боло мебаромад. Каримро гашти хар қонеъ накард, ки бо шаст ба сағрии хар ду-се бор фаровард. Маркаб гашташро суст накарда аз миёни роҳу бероҳаи лағжонак базӯр роҳ мепаймуд. Аз параҳои биннии маркаб ҳавр баромада таги шикамаш арақ кард.
– Их, ҷонвар, их!
Карим ҳини бозгашт боз бо бобои Раҳмат вохӯрду табъаш хира шуд. Дид, ки модахар базӯр дар пойҳояш рост истодаасту мӯйсафед ҳанӯз овораи ҳезумчинӣ аст.
– Бобои Раҳмат, ҳоло ҳам овораӣ, ҳа.
– Ҳа, Каримбой, корро тамом кардӣ, маълум дарзаҳоят ҳезуми хушк.
– Ҳа, ҳезум гирифтам, мехоҳам ба воситаи ҷари харсанг роҳро убур кунам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё