Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

қафои ман, агар модахарат роҳ гашта тавонад, ба ҷои сердарахт мерасӣ...
Ду маркаб, яке нархари ҷавону бақуввати Карим ва модахари пири бобои Раҳмат дар пешорӯи дара роҳ мепаймуданд.
Харҳо аз ин камари дара гузашта ҷониби нишебии камбарф тоб хӯрданд. Дар зови пурбарфу яхин, лағжонак роҳ гаштани модахар мушкил шуд. Модахар аз нархар қафо монд. Маркаб пойҳояшро таранг кашида дам мегирифт, боз каме гашта меистод.
– Их, их, ҷонвар. Камтари дигар монд, медонам ту ҳам мисли ман пир шудаӣ. Ба ту вазнин, лекин чӣ илоҷ? Одамизода феълаш ҳамин, то зинда ҳаст, ҷунбуҷӯл дорад. Танҳо маро назди ҳамин Карими фукчухт шарманда накунӣ, шуд...
Акнун модахар оҳиста-оҳиста роҳ мегашт. Мӯйсафед ноилоҷ монд. Дигар аз қафои Карим рафтанро аз ёд бароварда ба атроф чашм давонд. Нигоҳаш ба ду-се ниҳоли шикастаи себҳои худрӯй афтоду аз хар фуромад.
– Агар ҳамин хел чор-панҷ ниҳол ёбад, ду-се дарза ҳезум мешудагист...
Мӯйсафед ҳезум мечиду аз дил мегузаронд: пирию хартозӣ, кӣ туро маҷбур кард, ки ҳезум биёрӣ, ҳа...
Бобои Раҳматро касе ба ҳезум равон накарда буд, худаш омад. Дид, ки як ҳафта боз дар хона аловӣ камчин шудааст.
Аслан, дилаш ба набераҳояш сӯхт. Онҳоро гирди бухорӣ, ҳини гармшавӣ диду азм кард, ки худаш бо ҳамин модахар ба дашт рафта ҳезум меорад. Айби худаш, ана, омада-омада ба ин Карими беимон рӯ ба рӯ шуд. Шояд вай аллакай ду-се дарза ҳезум ҷамъ кардаасту дар бозгашт аҳволи маро дида боз механдад. Ҳа...
Миёнаи қади дара дар ҷои шамолпаноҳ Карим дарзаҳои ҳезумашро ҷамъ карду саросема болои хар бор кард. Шитоб ки дошт, гиреҳ ва нӯги бандро кушода монду дарзаҳо афтоданд.
Аз нав зӯр зада пойҳояшро ба замин тиргак кард. Дарзаҳо аз пушти хар каҷалаву аил суст шуд...
Карими дар ғазаб бераҳмона ба фуки хар, сағрияш кӯфтан гирифт. Нархар аз зарбаҳои сахти соҳибаш гӯё чорхез шуд.
Карим харро аз нав ҷул зад. Маркаби хаста аз чунин муноси-

пешина
аз 193
навбатӣ