Аз пайи паланг

Модахари бечора аз ҷояш ҷунбида наметавонист. Яке аз миёни барфрезаҳо суроби мӯйсафедеро дид. Ӯро шинохт. Бобои Раҳмат маркаби пирро ҷунбонд.
– Хайрият, зинда будааст, – худ ба худ гуфт мӯйсафед. Агар ҳайвони безабонро наҷот надиҳад, яқин имшаб аз хунукӣ мемурад.
– Их, ҷонвар, их, рафтем...
Мӯйсафеди Раҳмат харро ба ҳавлияш бурда дар оғилаш баст, коҳу ҷав дод. Аз ҳисоби алафи модагов хар кам – кам ҷон гирифт...
Дар молбозори деҳаи ҳамсоя Карими даллол ба соҳиби маркабе, ки ароба мекашид, сахт часпид. Ӯ ду пойро дар як мӯза андохта нархарро харидор шуд. Соҳиби маркаб дар ҳолати нобоб монд. Кору борашро як тараф монда, бо тааҷҷуб ба харидор нигоҳ дошт. Намедонист ба ин мардаки шилқини касофат чӣ ҷавоб гӯяд. Китф дарҳам кашид.
– Биё, ҷӯра, харатро фурӯш, пушаймон намешавӣ. Охир, дар ин фасли сармо харро хӯрондан осон нест.
– Амак, ман харфурӯш нестам, маро ба ҳолам мон. Охир, бо ин маркаб ҳар саҳар бор мекашонам, мефаҳмӣ, – афзуд соҳиби гӯшдароз.
Карим, ки дар савдои хару дигар ҳайвон устухон надошт, роҳи ҳилаву найрангро гирифт. Ӯ гарданашро каҷ карда ба зорӣ даромад.
– Ҷӯраҷон, не нагӯй. Ман аз деҳаи дур хархарӣ омадаам.
Харат маъқул шуд, барака ёбӣ, фурӯш, илтимос.
Соҳиби хар дид, ки аз Карими даллол ба осонӣ халос намешавад. Яқин кард, ки харидор ё одами баинсоф аст, ё кораш даллолӣ, аз ин ҳисоб фоида ба даст овардан аст.
Ноилоҷ монд.
– Хайр майлаш, бигузор гуфти ту шавад. Ба ивазаш чанд пул медиҳӣ.
– Ту нарх мон, охир хар хари ту ҳаст-ку, – гуфт маккорона Карими даллол. Ӯро рафтору содагии соҳиби маркаб шерак кард.
– Чорсад сомонӣ медиҳӣ?
– Неъ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё