Аз пайи паланг

фишори қабзаи сармо афтода буд. Акнун маркабро бими сардӣ безобита мекард. Фаҳмид, ки ҳамин тавр то саҳар сарпаноҳ наёбад, яқин дар роҳ афтида мемирад. Аммо ҷон барои ҳайвон ҳам ширин аст. Модахари пир мурдан намехост.
Маркаб дар таги барфреза чухт буд. Болояшро мисли курпа барф пӯшонд, ҳайкали шахшударо мемонд. Хунукӣ ба мағзу ҷонаш кора кард. Дир-дир ларзида пойҳояшро базӯр ҷунбонд.
Ҳанӯз нишонаи зинда мондан буд...
Модахар аз миёни резаҳои барф зиндагии пешинаашро дид.
Дид, ки тобистон асту дар алафзор мечарад. Чор тараф алафу лаб-лаби дара қамишу буттаҳои худрӯй. Маркаб ишкамашро сер карда, роҳи соҳибашро поид. Карими даллол алафҳои овардаашро дарза баста ба хар пазала карду боз худаш низ болои дарзаҳо нишаст. Маркаб муқобилат накард, балки бо ифтихор бору соҳибашро мебурд. Намехост дам гирад.
Карими даллол болои дарзаҳои алаф савлат дошту боз харро ягон-ягон хала зада, ҳаловат мебурд.
Вақте ки бачаҳои деҳа аз қафои маркаб давиданд, хар хушҳол шуд. Гашташро дигар карда, резачорпо қадам монд.
Бачаҳо Карими даллолро маломат доштанд.
Яке гуфт, ки мардак инсоф ҳам надорад. Ба хари бечора чор дарза алаф бор кардаасту боз худаш болои он савор. Эй беинсофе!
Карими даллол бо халачӯб ба сари бачаҳо таҳдид карду дашном дод.
– Ҳой очағарҳо, аз хар фуроям, мурдед!
Маркаб аз ин муомилаи миёни соҳибашу бачаҳо чизе нафаҳмид, аммо ҳис кард, ки бачаҳо тарафдораш ҳастанду ӯро дӯст медоранд. Маркаб, ки танҳо мемонд ё соҳибашро намедид, назди бачаҳо меомад. Онҳо болояш савор мешуданд. Бо навбат. Ва маркаб боиси дилхушии онҳо мегашт. Ҳоло дар ин ҳавои сард на бачаҳо буданду на соҳибаш Карими даллол.
Маркаби пир на аз муносибати бераҳмонаи одамон, балки аз соҳибаш дар тааҷҷуб буд. Ҳайрон, ки магар инсон ба ивази некиҳои хар ҳамин хел ҷавоб медиҳад. Ё шояд хар ҳамин хел тақдир дорад?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё