Аз пайи паланг

дан оҳиста-оҳиста хазону зард гашт. Соҳиби хона ҳайрон шуд. Надонист чӣ фалокате ба гул рух додааст.
Гули ошиқипечон дигар мисли пештара таровату накҳат, хушбӯӣ, зебоӣ надошт. Балки аз дасти бешафқати инсон ва азоби ҷудоӣ шикваю нола дошт. Аламаш мекард, ки соҳиби хона ба ӯ низ чун як гули одӣ муносибат дорад, балки дигар гулҳоро бештар меҳрубонӣ мекарду ба ӯ эътибор намедод.
Баъди чанд рӯз гули ошиқипечон аз сабзиш тамоман монд, пажмурда гашт. Соҳибхона аз ин ноамалӣ боз ба тааҷҷуб омад... Ӯ нафаҳмид, ки гули хурдрӯйро аз манзилаш, хонааш, табиат якумрӣ ҷудо кардааст.
- Ҳасрати гул Беш аз як ҳафта аст, ки пайваста борон меборад. Борону шамоли сард ба гулу гиёҳ ва алафҳои навруста таҳдид доштанд.
Нилуфар дид, ки гулҳои обӣ базӯр нафас мекашанд, хост баргу пояи паҳнашро ҷамъ намуда, ба ҷои бехавфтаре кӯч бандад. Вале баргу пояаш дар қабзаи тунди борон гиреҳ зад.
Нилуфар ҳис кард, ки аз ин борони бемаҳал раҳидан, ҷон ба саломат бурдан лозим аст. Аммо чӣ хел? Бо кадом роҳ? Охир, ӯ ҳамагӣ як гул аст миёни ҳавзи оби мурда.
Ин дам духтараке паҳлӯи ҳавз пайдо гашт. Ӯ хеле ба гулҳои рӯи об нигоҳ кард. Ҳавасаш омад, гулҳои рангоранг, боду ҳавои муаттар писандаш гашта буданд, ки оромиашро аз даст дод.
Аз ҷавони паҳлӯяш хоҳиш кард, ки барояш гул чинад.
Ҷавон парвои сармою борон накард, хам шуда қабзаи гулро канд.
Нилуфар хомӯш буд, дигар қудрати гуфтани ҳарфе надошт.
Балки аз он ғам хӯрд, ки гулҳои муаттар аз гулҳавз ҷудо шуданд. Нилуфарро боз аз бетарафӣ, тарсрӯии гулу буттаҳои паҳлӯяш ғамгинтар намуд. Афсӯс хӯрд, ки гулҳои сабзи баҳорӣ осонакак талаф ёфтанд.
Акнун дастаи гулҳоро духтарак дар кафи дасташ дошта, баланд-баланд механдид, табассум мекард, завқ мебурд.
– Чаро одамизод ин қадар бераҳм аст. Намемонад, ки гулҳои наврӯзӣ сабз шаванд, баргу поя баста, қабои арӯсӣ ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё