Аз пайи паланг

медароварданд, то якдигарро хоянд, газанду хӯранд. Ҳине ки аз сару гардани сагҳо хун ҷӯш зада мебаромад ё маъюбу маслуқ мешуданд, одамон завқ мебурданд.
Хайрият, ки мӯйсафед саги зардро ҳеҷ гоҳ ба майдон набаровард. Хайр чӣ? Андешид саги зард, дар сагҷанг, дар майдон мемурдам беҳтар буд, аз ин бешарафӣ дида. Ана омада-омада акнун маро низ ба фурӯш баровард...
Магар ман ба пирамард кам хизмат кардаам. Даҳ сол аст, ки хонаву дарашро посбонӣ дорам, нони ӯро ҳалол карда хӯрдаам. Оё дигар роҳ набошад, ҳа. – Наход саг ҳамин хел фикр кунад, эй не! О, вай инсон не-ку, аз дил гузаронд пирамард. Мӯйсафед фаҳмид, ки ин гапҳоро худаш бофта баровард ва дар майнаи гиҷаш радду бадал намуд. Худашро ба ҷои сагаш монда, ҳамаи инро фикр кард.
Вақте ки мӯйсафед аз қайди андешаҳои ваҳмангезаш халос шуд, дид, ки саги зардаш бафурҷа дар паҳлӯяш каллаашро миёни пойҳояш монда роҳат дорад.
– Хайрият ки саг мисли инсон фикр намекунад, ҳа, аз дил гузаронд мӯйсафед ва бо меҳр сари сагро сила кард. Саги зард боз нигоҳашро ба соҳибаш афканд, Дум ликонд, иринҷос зад.
Мӯйсафед дар қаъри чашмони ҳайвон аломати яъсу ноумедӣ дид, ки банди дилаш ларзид...
– Не, ин саг ҳамаи андешаҳои маро кайҳо фаҳмидааст, набошад чаро ин қадар бо ҳайрат ва таҳдор нигоҳ дорад, ҳа.
Мӯйсафед боз бо қалби озурдаву табъи хира хомӯш монд.
Тақдири саги зардро фикркунон боз ба атроф нигоҳ кард.
Аз нигоҳи кампираке, ки пишаки дасташро силакунон харидор меҷуст, аламаш кард. Дар чашмони камнур, рӯи пурожанги кампир ғаму ғусса соя андохта буд. Ӯ пишакашро ба синааш зер карда гӯё дарунокӣ мегирист.
... Барои чӣ касе саги ӯро харидорӣ намекунад? Наход боз чанд ҳафтаи дигар мӯйсафед нафақааашро интизор шавад, ҳа.
Охир зард, саги бад нест-ку...
– Мӯйсафеди хаёлпарешонро гуфтугӯи тӯдаи ҷавонони сари бозор ба худ кашид, он ҷо сагҳои зоти хориҷиро савдо доштанд. Мӯйсафед аз ду саги сиёҳи лабкашоли хукмонанд, ки аз фарбеҳӣ дар ҳавои гарм базӯр меистоданд, чашм намеканд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё