Аз пайи паланг

Сагчаи бесоҳиб миёни пойҳои пирамард печида паст-паст нолиш дошт. Ӯ дар роҳ касеро надида фаҳмид, ки сагча танҳо мондааст. Онро болои даст гирифта хуб меҳрубонӣ карду боз гашта ба замин монд. Пирамард роҳашро идома дода, яке дид, ки сагча аз қафояш меояд. Дар як гӯшаи дилаш раҳму шафқат пайдо шуд, ки сагчаро зери бағал гирифта, рост хона омад.
– Аздусар ҷонвар танҳо аст. Ва сагча шарики ғаму шодӣ, мӯнису ғамхори ягонаи мӯйсафед гардид. Аз дасти пирамард нон хӯрда, ба ӯ сагона меҳр баст. Сагча ҳар як имою ишорати соҳибашро зуд сарфаҳм мерафт. Дар андак вақт пухтаю боақл шуд ва ба хубу бади дунё сарфаҳм рафт. Вале ақли сагонааш ҳанӯз як чизро намефахмид. Намефаҳмид, ки барои чӣ одамон, инсонҳо дӯсти худро мефурӯшанд...
Саги зард гоҳи ҳамроҳи мӯйсафед ба бозори ҳайвонот омаданаш ҳайрон мешуд. Медид, ки одамон гову моли худро чунон ба шавқу ҳавас мефурӯшанд, ки гӯё дигар аз ин дида масъалаи муҳимтаре нест...
Ва мӯйсафед рӯзе ягона бузи хонаро ба бозор бурд. Такка ҳеҷ гуноҳ надошт. Танҳо бо саги зард гоҳе бозӣ мекарду баъд миёни ҳавлӣ чор тараф медавид. Саги зард чанд маротиба мушохида кард, ки пирамард пашми таккаро тарошида фурӯхт ва гӯё ин ҳайвонро мисли вай дӯст медошт. Саг намефаҳмид, ки барои чӣ шабу рӯз мӯйсафед аз пайи обу алафи буз саргардон аст. Баъзан шабҳо ӯ хобашро ҳаром карда оғил медаромад, аз охурҷои такка хабар мегирифт. Пасмондаи хӯрок ҷамъ карда, бузро фарбеҳ мекард. Оқибат таккаи чор кас медидагиро бозор овард.
– Эҳ, чӣ қадар такка гарданшахӣ кард. Вале мӯйсафеди якрав ба ҷону ҳолаш намонд ва таккаро як саҳарӣ сари дав фурӯхт. Он вақт саги зард фикр кард, ки шояд мӯйсафед аз ноилоҷӣ ин корро кард. Не, балки баъдтар хуб фаҳмид, ки одамон дар фурӯхтани ҷонварон таҷриба доранд, ин корро хоҳу нохоҳ анҷом медиҳанд. Он вақт саги зард ҳаргиз ба гӯшаи хаёл наовард, ки рӯзе ҳоли такка ба сари ӯ меояд...
Саги зардро боз ҳини тамошои сагҷанг дилаш аз одамон тамоман монд. Онҳо заррае ба сагҳои дар хоку хун олуда парво надоштанд, балки сагҳои гурезонро дошта боз ба майдон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё