Аз пайи паланг

зумра одамон кори дигаре надошта бошанд, ҳамин ки ба ӯ рӯ ба рӯ шуданд, даррав ба панду насиҳатгӯӣ медароянд – Шариф ҳамин касабаатро парто, ҷонварони бегуноҳро азоб надеҳ, убол аст. Баъди таънаҳои беохири мӯйсафеди ҳамсоя дилаш тамоман аз одамони деҳа монд. Охир, ин мӯйсафеде, ки ӯро Шариф сахт ҳурмат мекарду гумон дошт, ки дар ҳар лаҳза пушту паноҳаш мегардад, дар байни одамон яке ба Шарифи кабкбоз дарафтод...
– Шариф, биё, аз баҳри кабкбозият гузар, охир, ту аз кабкбозӣ ба кабкҷаллобӣ, ғорату куштори кабкҳо гузаштаӣ. Аз дасти ту дар болои деҳа дигар кабку парандае намондааст. Ба як сари қоқат ин ҳафтод-хаштод кабкро чӣ кор мекунӣ. Наход барои пул шуда, имонатро фаромӯш карда бошӣ-а?!.
Шарифи кабкбоз гарданашро каҷ карда бо қираи чашм, бо хашм як ба ҳамсояҳо, баъд ба мӯйсафеди насиҳатгӯ бо аламу ғазаб назар афканду ғурунгид...
– О, кори шумо чӣ, хонаву дарам ҷудо, дуздӣ накунам, ҳаққи ягон касро нахӯрам. Аз пушти ҳамин ҷонварон давида гаштан ҳам гуноҳ шуд магар?
Баъди ин гапҳо Шарифи кабкбоз ҳам берун намебаромадагӣ шуд. Аввалҳо ӯро мардум дар қади кӯча медиданд. Вақтҳои охир бошад, кам берун мебарояд. Доим дар хона аст. Соатҳои дароз дар гирди қафасҳояш давр мезанаду аз тамошои онҳо сер намешавад. Акнун харидорони кабк худашон кофта ӯро меёбанд...
Шарифи кабкбоз аз савдои дирӯза розию қаноатманд гашт.
Бандчаи пулҳоро шумурда кайф кард. Ин бизнесмени шаҳрӣ яку якбора чиҳил кабкашро харидорӣ намуд. Панҷ кабкчӯҷаашро бо қафасҳояш бурд. Даме ки харидори бепарво кабкҳоро мебурд, Шарифи кабкбоз ба қафасҳо, нолаву хониши дардолуди чӯҷаҳо аҳамият намедод. Гӯё овози кабкҳои хору зорро намешунид. Балки бандчаи пулҳоро сахттар дар кафи дастҳояш пахш мекард. Хаёле метарсид, ки яке савдогар аз раъяш мегардаду кабкҳоро гардонда пулҳояшро бозмегирад.
Шарифи кабкбоз танҳо даме ки бо он савдогар хайрухуш карда, дарвозаашро аз даруни ҳавлӣ маҳкам намуд, бовар ҳосил кард, ки пулҳо аз они ӯ шудаанд. Дилаш қарор наёфт, боз як

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё