Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

... Чӯпони пир намонд, ки саг модарашро хуб шиносад ва яке куланги милтиқро зер кард. Садои даҳшатбори тир якбора ба дили дашти сафед ваҳм андохт. Модасаг нолаи ҷонкоҳе кашида якпаҳлӯ афтид. Аз сари синааш хун фаввора мезад. Пеши чашмони саг сиёҳӣ зад. Ӯ яке ба худ омада бо ситеза ба соҳибаш – чӯпони пир дарафтод. Дасту пойҳои соҳибашро бераҳмона хоида танашро афгору захмин кард. Танҳо баъде ки дилаш таскин ёфт, ҷисми чӯпони пирро сар дода, назди ҷасади беҷони модасаг омад...
Саги чӯпон он шабро дар паҳлӯи модагург гузаронд. Гӯё ӯ ҳамон кучуке буд, ки аз пистони пуршири модар мемакид. Барои саг низ модар азиз аст. Акнун саги чӯпон нӯла мекашид, ҷисми хунуки очаашро мелесид. Аммо модасаг ҳамоно хомӯш буд. Гӯё ӯ ҷигарбандашро то охир нашнохта аз ин олам бо қалби пурҳасрат ба хоби абадӣ рафта буд.

КАБКБОЗ

Аз ин ҳавлӣ танҳо овози кабк ба гӯш мерасаду халос. Овози ҳазину дардолуди кабки пиреро фарёди ҷонхароши кабкҳои дигар пахш карданд. Ин саҳарӣ селаи кабкҳо овоз бароварданд. Шарифи кабкбоз ба ин овози шинос гӯш дода, медонист, ки кабки кадом қафас беҳтар мехонад, ё овози бақувват дорад.
Балки нағз медонист, ки кабкҳои бечора аз зиндагӣ дилгиру ҷонсарак шуданд, охир, онҳо ҳам озодиро дӯст медоранд. Аммо ба ман чӣ, – андешид Шарифи кабкбоз. – О, дар ин замона одамон ба як корҳое даст мезананд, ки ҳуш аз сарат мепарад.
Яке мардикорӣ кунад, дигаре савдогарӣ, лекин на ҳама аз пушти нони ҳалол ранҷ мекашанд. Ман чӣ, – гуфт Шарифи кабкбоз, – на дуздӣ мекунаму на ғарӣ. Аз пушти ҳунарам нон меёбам. О, кабкбозӣ ҳам ҳунар аст-ку, – худашро ҳақ бароварда хулоса кард ӯ. Аммо вақте ки пичингу таънаҳои мӯйсафедони деҳа яке ба хотираш расид, аз хулосаҳои баровардааш қариб даст кашад...
Ба ин мӯйсафедону пирони деҳааш чӣ намерасад, – сахт ранҷидагӣ барин худ ба худ гуфт Шарифи кабкбоз. Гуё ин

пешина
аз 193
навбатӣ