Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ин дара аз дасташон вайрону валангор гашта, чашмаю рӯдҳояш хушк гашту ҷонваронаш тарки ин макон карданд.
Понздаҳ-бист сол пеш бошандагони ин деҳаи кӯҳистон батамом тарки ин макон намуда, ба таҳдашт кӯч бастанд.
Мегӯянд, ки чӯлу қамишзорҳои таҳдаштро обод карда, он ҷойҳоро ба макони пахта табдил додаанд...
– Аҷаб махлуқонанд инсонҳо, – фикр кард хирси пир. – Охир, чунин диёри зебо, замини аҷдодиро партофта ҷои дигареро обод кардаанд, пахтакор шудаанду акнун васфи «тилои сафед» доранд. Магар кӯҳистон, чашмаву рӯдҳо, боғот дороии инсонҳо нестанд? Хирси пир аввалҳо бепарво буд, балки аз фирор кардани инсонҳо қадре хурсанд ҳам буд...
Аммо як-ду соли охир аз танҳоӣ азоб мекашид. Шояд аломати пирӣ бошад, ки дилаш ба он инсонҳое, ки диёрашонро партофтаанд, месӯзад. Ҳарчанд аз одамон ранҷҳои бисёре дида, аз ҷигарбандони худ ҷудо шудааст, аммо мисли пештара ба онҳо меҳр дорад. Гумонаш, ки инсонҳо баъди ин қадар машаққатҳо ба қадри табиату ҷонварон мерасанд...
Ин дам нохост назараш ба деҳа афтоду шод гашт. Хурсанд шуд, ки одамон баъди чандин сол боз ба деҳа баргаштаанд, то ин маконро аз нав ободу зебо созанд. Бо ҳамин хаёлу орзуҳои ширин хирси пир обравро гузашта, ба тобасангҳое, ки он ҷо суғурҳо лона доштанд, хост наздик шавад, ки яке овози тир баланд шуд. Ӯ овози даҳшатбори тирро шунида, бовараш наомад: «наход боз одам». Танҳо даме ки аз миёни панҷаҳояш хун ҷӯш зада баромад, фаҳмид, ки боз ҳамон махлуқҳои одамсурат сӯяш бо тамасхур назар доранд. Хирс хост сахт наъра кашида, ба одамсуратон дарафтад, онҳоро пора-пора кунад, охирон қасоси худу ҷигарбандонашро гирад, аммо натавонист, наърааш дар даҳонаш монд. Гӯё банди ҷигараш канда шуд. Чашмонаш сиёҳӣ заданду сарозер афтод. Ҷисми беҷони ӯ миёни дара мехобиду чашмони кушодаи маҳзуну пур аз ҳасраташ ҳамоно ба атроф менигаристанд. Гӯё нигоҳаш ҳоло ҳам ба одамон бовар дошт...

пешина
аз 193
навбатӣ