Аз пайи паланг

медонист, ки ӯро чӣ даҳшате дар пеш аст. Рӯзе ӯ сармаст аз нашъаи зиндагӣ бо хирсбачаҳояш таги дарахти себи ёбоӣ омад. Аз миёнаҷои Сурҳаи Гарданга бӯи зираву райҳон димоғро мекушод. Шохаҳои пурбори себ қариб ба замин мерасиданд. Себҳои сурхе, ки ба атроф рехтаанд, амсоли шаддаи марҷон ба назар метофтанд. Хирсбачаҳо ба қароре наомада, аз шавқу шодии беҳисоб ба меваҳо дарафтоданд.
Хирс мафтуни тамошои ҷигарбандонаш буд. Танҳо гоҳ-гаҳе баъди ғурғури модахирс ба атроф назар афканда, бо имои сар мефаҳмонд, ки хатаре нест. Атроф ором...
Ана, ҳамин дам оромии дараро садои даҳшатноки тир вайрон кард. Пайи ҳам камон дар гирифту ду хирсбача якояк ба хоку хун олуда шуданд. Хирс дасту по гум кард.
Наъраи бадҳайбате кашида, хаёле замину замонро ба сараш бардошта, пеш давид. Хост дасти модахирсро гирад, ки тири сеюм ҷуссаи модахирсро ба замин афканд, аз пешонии модахирс хун фаввора мезад. Ду шикорчии бадрӯй ҳайҳайкунон ба хирсбачаҳо – тӯъмаи худ наздик мешуданду аммо хирси ваҳшатзада гӯё чизеро надида нолишкунон модахирсу ҷигарбандонашро мелесиду наъра мекашид. Танҳо даме ки хирс дар пояш сӯзишеро ҳис кард, фаҳмид, ки тир хӯрдааст ва ноилоҷ роҳи гурезро пеш гирифт. Акнун хирси гирён аз поёнтар ба сайёдоне, ки аз барор гирифтани шикорашону мурдаҳои дар хоку хун афтодаи хирсчаҳо лаззат мебурданд, чашм намеканд. Ҳине ки сайёдон бепарвоёна хирсбачаҳояшро пӯст меканданд, ӯ ба худ печида оҳ аз банди ҷигар мекашид. Ин дам гӯё дарди бедавое дар қалбаш хуруҷ дошт.
Аз дасткӯтоҳӣ, тарсу ҳарос алам кашида мушт ба даҳан мезад, хоки хунукро мегазид... Ана, аз ҳамон давра хирс ба одамизод нафрат пайдо кард. Дар қалби нозукаш кинаву кудурат нисбати инсон лона кард. Ба андешаи ӯ, гӯё тамоми бошандагони ин деҳа, балки дунё душмани ҷонии табиату ҳайвонотанд. Ӯ кай медонист, ки сайёд кисту тороҷгари табиат кӣ...
Балки хирси пир то ин дам дар ақидаи хеш устувор аст. Ӯ боз ҷуссаи вазнинашро ҷунбонда ба ҳамон деҳаи вайрона чуқуртар назар карду андешид: охир, ҳамонҳо набуданд, ки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё