Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

даҳшатбораш ба тани кӯҳпораҳо бархӯрда, атрофро ба ларза меовард. Хирс нағз медонист, дар ин паҳнои дара ба ғайр аз ӯ дигар ягон ҷондор ҳадде надорад, ки овозашро ин қадар баланд кунад.
Хирси пир каҷпаҳлӯ зада, аввал пои росташро хуб хорид, баъд бафурҷа панҷаҳояшро ба даҳонаш бурда хоида роҳат кард. Сипас аз таги чормағз бероҳа шуда, аз баландӣ ба поён назар афканд. Дар поён хаёле дашт мавҷ мезад. Насими сабуксайр гулу гиёҳҳои талу пуштаҳоро навозиш дошт.
Себҳои худрӯй, дарахтони таги порисаҳо ба ин мавзеъ ҳусни дигаре ато мекарданд. Дуртар аз канори сангҳайкалҳо, миёни тобасангу харсангҳои дара нигоҳаш ба суғурҳои нав аз хоб сершуда бархӯрд. Ду суғури навча бо ҳарос ба қади дара чашм медавонданд... Оҳ, чӣ қонунҳои сахте дорад ин кӯҳу дара, – андешид хирси пир. Дар умри чандинсолааш инро худаш кашф кард. Ҳис кард, ки табиат мӯъҷизаҳое дорад, ки ҳайрон мемонӣ. Ҷонварону парандаҳои заифро ҳама вақт марг интизор аст... Эҳе, пештар ин ҷо макони бабру гургҳои гушна, хукҳои ёбоӣ буд. Аз дасти онҳо ин ҷонваракони бечора амон надоштанд... Ин дам яке назараш ба деҳаи вайронаи шафати пуштакӯҳ афтоду оромӣ, сабру тоқаташро аз даст дод. Аҷабаш омад. Чанде ба сукут рафта баъд фаҳмид, ки ҳамаи ин муборизаву талошҳои ҳайвонот пеши инсонҳо ҳеҷ аст. Ин лаҳзаҳо пеши назари хирси пир шикору талошҳои мардуми сайёду беғами он солҳо ба ҷилва омад.
Он айём рӯзе набуд, ки мардуми ин деҳа панҷ-шаш ҷонварро накушанд. Дар як-ду соли баъдина гӯё ба тухми бузи кӯҳию бабр қирон омад. Аз бисёр ҷонварону парандагони нодир ном монду халос.
... Хирс он вақт ҷавон буд. Модахирс пеш-пешу хирсбачаҳо аз қафо, дар қадова гаштугузор доштанд. Ҳоло ҳам он давраро хуб дар ёд дорад. Чӣ тавр меҳрубонона сари хирсбачаҳояшро сила мекарду пушту паҳлӯи онҳоро мехорид. Хирс ба ҷигарбандонаш роҳгардӣ, муборизаю талошро баҳри зиндагию ҳаёт меомӯзонд. Хирсбачаҳо хеле даву тоз карда, магар монда шуданд, ки бағали хирс омаданд.
Эҳ, чӣ лаҳзаҳои ширине буд он айём. Хирс он дам кай

пешина
аз 193
навбатӣ