ДЕВ ДАРАХТ

Хуллас, ин мусибат ба ҳар хонадон сар даровардан гирифт.
Дар ин чанд сол ҳар ҷо ки ҷавонмарди ҷасуру доно буд, даъват кардаму барои пайдо кардани азизони худ фиристодам, ҳатто ҳамин рўз ҳам як нафар тўшаи сафар гирифта, бо амри ман аспсавор ба он тараф рафт… Аз баҳри Худо бигў, оё чораи ин корро карда метавонӣ? Оё давои оҳи оташноку синаи сўзони халқи Худо ҳаст?
Вазирони накўкор, донишмандони бемисл ва ҷавонони боақлуҳуши ман куҷо рафтанд?
Ҳакимшоҳ сари андеша хам кард. Дар ҳақиқат, куҷо рафтанд онҳо? Сарриштаи ин калоба куҷо?! Вай то ин имрўз гиреҳи даҳҳо муамморо кушодааст, ба садҳо суол ҷавоб ёфтаааст, чӣ қадар масъала ҳал карда, мушкили бисёр касонро осон намудааст, лекин ин гуна воқеаи ҳам аҷибу ҳам ваҳмангезро тасаввур карда наметавонад.
– Ҷаҳондоро! – сар аз андеша бардошта хитоб кард Ҳакимшоҳ. – Ба ман се рўз фурсат деҳ, ки қудрати худро дар мизони ақл баркашам.
Подшоҳ розӣ шуд.
– Ҳар қадар хоҳӣ, фурсат медиҳам, ҳар чӣ хоҳӣ, муҳайё мекунам, – гуфт вай, – аммо чораи кори моро бубин, мушкили моро ҳал кун, мардумро аз вартаи навмедию панҷаи марг бираҳон!..
Ҳакимшоҳ се шабу се рўз ба дарёи андеша ғўта зад… Вай аслан марди бағдодист, аз Бағдод хеле барвақт баромадааст – бисту ҳафт сол инҷониб сайру саёҳат мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё